САҲА кормандони ВКД-ро оид ба истифодаи амалии системаи идоракунии электронии баҳисобгирии захираҳо (инвентаризатсия) таълим медиҳад
Рӯзҳои 14 – 19 августи соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) омӯзиши шашрӯза оид ба истифодаи амалии нармафзори идоракунии электронии инвентаризатсияи захираҳои лавозимоти ҷангии муқаррарӣ ва яроқи сабуки оташфишон ташкил намуд. Дар омӯзише, ки дар Душанбе баргузор шуд, 12 нафар иштирокчиёни миллӣ (ҳама мардон) аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ шинос намудани иштирокчиён бо вазифаҳо ва имконоти нармафзори бақайдгирии захираҳои лавозимоти ҷангии муқаррарӣ ва яроқи сабуки оташфишон, ки аз ҷониби Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид ва Вазорати мудофиаи Беларус таҳия шудаанд, барои қонеъ гардонидани талабот ба баҳисобгирии электронии захираҳои лавозимоти ҷангии муқаррарӣ ва яроқи сабуки оташфишон буд.
Пас аз омӯзиш, иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки нармафзор барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии инвентаризатсия, нигоҳдорӣ ва назорати ҳолати яроқи сабуки оташфишон, инчунин эътимоднокӣ, дақиқат ва суръати гирифтани иттилооте, ки барои қабули қарорҳои идоракунӣ истифода мешавад, муҳим хоҳад буд. Нармафзори нав барои баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар гардондани шароити кории кормандони масъули баҳисобгирии яроқи сабуки оташфишон, инчунин коҳиш додани ҳаҷми кори оддии дастӣ пешбинӣ шудааст.
Пас аз анҷоми чорабинӣ Дафтари барномаҳо 10 компютери дорои нармафзори қаблан насбшудаи идоракунии инвентаризатсияи захираҳои лавозимоти ҷангии муқаррарӣ ва яроқи сабуки оташфишон-ро ба ВКД тӯҳфа кард.
Чорабинии мазкур дар доираи сандуқи лоиҳаҳои САҲА оид ба захираҳои лавозимоти ҷангии муқаррарӣ ва яроқи сабуки оташфишон дар кишвар баргузор гардида, як қисми кӯшишҳои чандинсолаи Дафтари барномаҳо ҷиҳати дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии худ дар соҳаи нигоҳдории бехатар ва назорати захираҳои яроқу аслиҳа мебошад.