САҲА барои мутаххасисони ҷавони тоҷик оиди навиштани пешниҳодҳои лоиҳавӣ дар соҳаи роҳбарӣ ва идоракунии захираҳои об омӯзиш барпо намуд
Аз 19 то 21 июл дар истироҳатгоҳи Сафеддара, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) семинари серӯза оид ба навиштани пешниҳодҳои лоиҳавӣ дар соҳаи роҳбарӣ ва идоракунии захираҳои об баргузор намуд. Дафтар чорабиниро дар ҳамкорӣ бо Комиссияи миллии обёрӣ ва дренажии Тоҷикистон доир намуд.
Дар семинар понздаҳ мутахассиси ҷавони соҳаи идоракунии захираҳои обӣ ширкат варзида, дониши худро дар навиштани пешниҳодҳои лоиҳавӣ бо таваҷҷӯҳи махсус ба консепсия, буҷа, ҳадафҳо, методология, арзёбии таъсир ва хатарҳо сайқал доданд. Семинар лексияҳои назариявӣ ва корҳои гурӯҳиро дарбар гирифт.
«Дафтари барномаҳо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳияи лоиҳаҳои обтаъминкунӣ тавассути татбиқи лоиҳаҳои гуногун идома медиҳад», гуфт Рати Ҷапаридзе, Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. «Мо ба иштироки ҷавонон дар лоиҳаҳои идоракунии об бо дарназардошти таъсири тағирёбии иқлим ва ташкили курсҳои таълимӣ барои роҳбарони ояндаи соҳаи идоракунии захираҳои обӣ мусоидат мекунем».
Баҳром Ғаффорзода, Котиби Комиссияи миллии обёрӣ ва дренажӣ гуфт: «Насли ҷавон – ояндаи соҳаи идоракунии захираҳои обӣ мебошанд ва Тоҷикистон ба мутахассисони ҷавон, ки қобилияти ҷорӣ намудани афкори нав ва усулҳои инноватсионии идоракунии захираҳои обӣ доранд, ниёз дорад. Ҷалби мутахассисони ҷавон ба ҷалби сармоягузории байналмилалӣ барои тармиму таҷдиди сохторҳои мавҷудаи идоракунии захираҳои обӣ бо дарназардошти мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим имкон медиҳад».
Чорабинӣ тибқи чорабиниҳои қаблан татбиқнамудаи Дафтари барномаҳо дар соҳаи амнияти об гузаронида мешавад ва он иштироки ҷавононро дар равандҳои қабули қарорҳо дастгирӣ мекунад. Семинар барои мусоидат намудан ба идоракунии устувори захираҳои об дар сатҳи миллӣ ва фаромарзӣ гузаронида шудааст.