Курси таълимии минтақавии САҲА оид ба безараргардонии муҳимоти тарканда дар Душанбе оғоз гардид
Рӯзи 10 июл дар Чимтеппа, музофоти шаҳри Душанбе, курси омӯзишии сеҳафтаинаи минтақавӣ оид ба безараргардонии муҳимоти тарканда (сатҳи 1) дар Маркази минтақавии таълимии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба бартарафкунии хатарҳои маводи тарканда (Маркази таълимӣ) оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи курси таълимӣ намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо), Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Вазорат), Сафорати ИМА дар Душанбе ва Артиши марказии ИМА ширкат варзиданд.
Дар ин курси таълимӣ 16 нафар мутахассисон аз Қазоқистон, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок меварзанд. Курси таълимӣ аз ҷониби Вазорат мизбонӣ шуда, онро Дафтари барномаҳо дар ҳамкорӣ бо Артиши марказии ИМА роҳандозӣ менамоянд. Артиши марказии ИМА ва устодони Маркази таълимӣ курси таълимиро тибқи стандартҳои байналмилалии амалиёти зидди минаҳо баргузор мекунанд.
Ҳадафи ин фаъолият рушди салоҳиятҳо ва такмили ихтисоси кормандони низомии Осиёи Марказӣ дар ошкор, муайянсозӣ ва нобуд кардани муҳимоти тарканда дар ҷои худ, дар муҳити назоратшаванда ба монанди тадқиқоти техникӣ ва/ё майдони тозакунӣ, ҷузъҳои алоҳидаи минаҳо ва боқимондаҳои муҳимоти махсуси нотаркида мебошад.
Дар суханронии ифтитоҳии худ муовини сардори Раёсати муҳандисии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Ҳасанзода Анвар аҳамияти омӯзишро дар таҳкими амният ва субот дар Осиёи Марказӣ таъкид намуда, ба шарикон ва тарафҳои манфиатдори лоиҳа барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ арзи сипос намуд.
Подполковники артиши ИМА Виталий Гелфгат, сардори Раёсати ҳамкориҳои низомии Сафорати ИМА дар Душанбе аз пешсафии Тоҷикистон дар гузаронидани курсҳои таълимии амалиёти безараргардонии муҳимоти тарканда ва саҳми назарраси онҳо дар фаъолиятҳои минарӯбии башардӯстона изҳори ифтихор кард. Ҷаноби Гелфгат бо эътирофи аҳамияти ин иқдомҳо дар риояи техникаи бехатарӣ, тақвияти амният ва ҳифзи одамон, аҳамияти густариши ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, ки дар ин гуна фаъолиятҳои муҳим иштирок доранд, таъкид кард.
Мушовири барномаҳои САҲА дар Душанбе Соня Станисавлевич қайд кард, ки рушди иқтидори безараргардонии муҳимоти тарканда ба Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояи он имкон медиҳад, ки хатарҳои муҳимоти таркандаро мустақилона ва ба таври муассир бартараф кунанд.
Шарикии тӯълони байни Дафтари барномаҳо ва Вазорат имкон медиҳад, ки чорабиниҳои барномавӣ дар маҳалҳо амалӣ карда шаванд. Бо дарёфт, таҳким ва нигоҳ доштани чунин шабакаҳои минтақавӣ ва имкониятҳо, Дафтари барномаҳо ба Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояи он дар минтақаи Осиёи Марказӣ барои ҳалли муассир, босамара ва мустақилонаи масъалаҳои бартарафкунии хатароти муҳимоти тарканда дар муддати тӯлонӣ дастгирӣ мекунад.