Аввалин курси таълимии САҲА оид ба киберҷинояткорӣ ва далелҳои рақамӣ дар Тоҷикистон
Аз 5 то 9 июн Раёсати таҳдидҳои фаромиллии САҲА дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як курси таълимии муқаддимавиро оид ба киберҷинояткорӣ ва далелҳои рақамӣ ташкил намуд.
Дар курсе, ки аз ҷониби ду коршиноси байналмилалӣ аз Молдова ва Ӯзбекистон гузаронида шуд, ҳудуди бист нафар намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Академияи ВКД ва Прокуратураи генералӣ ширкат варзиданд. Иштирокчиён бо мафҳумҳои калидии марбути киберҷинояткорӣ ва далелҳои рақамӣ шинос шуданд ва чӣ гуна муайян кардан, мусодира кардан ва муҳофизат кардани манбаъҳои эҳтимолии далелҳои рақамиро дар ҷои ҷиноят ва Интернет омӯхтанд.
«Тоҷикистон ҳам мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои охир шоҳиди рақамикунонии босуръат дар тамоми соҳаҳои ҷомеа мебошад. Ҷинояткорон низ бештар аз технологияҳои рақамӣ истифода мекунанд. Аз ин рӯ, барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ шиносоӣ бо ин технологияҳо ва нақши онҳо дар содир кардан ё мусоидат кардан ба ҷиноят хеле муҳим аст, гуфт муовини раиси Академия зимни ифтитоҳи курс.
Ин нуктаро Юкка Туононен, Роҳбари Шӯъбаи сиёсӣ ва низомии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе низ таъкид кард. «Бо таҳаввулоти пайвастаи технологияҳои рақамӣ ва нақши онҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо, ҳар як корманди (субъекти) адлияи ҷиноӣ ҳадди ақал ба фаҳмиши асосӣ ва дониши ин масъалаҳо ниёз дорад. Омӯзиши мунтазам ва дарозмуддат дар ин мавзӯъ барои фаъолони адлияи ҷиноӣ калиди таҳким ва устувории иқтидори давлатҳои узви САҲА барои таҳқиқ ва таъқиби шаклҳои муосири ҷиноят мебошад».
Омӯзиш дар доираи лоиҳаи ғайрибуҷетии «Ташаккули иқтидори муқовимат ба киберҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон ва Ҷумҳурии Корея маблағгузорӣ мешавад, гузаронида шуд. Ин аввалин чорабинии таълимии миллӣ дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳа буд. Дар тирамоҳи соли ҷорӣ ду курси иловагии таълимӣ барои як гурӯҳи шунавандагон дар назар аст.