САҲА ба кормандони Маркаҳои зихиравии занон вокуниши беҳтарро ба эҳтиёҷоти оилаҳои аз зӯроварии гендерӣ осебдида таълим медиҳад
19 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе курси панҷрӯзаи омӯзиши тренерон (ToT) барои дувоздаҳ корманди (ҳафт зан ва панҷ мард) Марказҳои захиравии занон (МЗЗ) ба анҷом расид. Курси омӯзиши тренерон ба иштирокчиён малака ва дониш оид ба чӣ гуна мусоидат намудан ба ҳамоҳангӣ дар оилаҳои осебпазир ва кӯмак расонидан ба паст кардани зӯроварӣ тавассути маҷмӯи меъёрҳои гендерӣ, тағйирёбии рафтор ва фаъолиятҳои ба даст овардани даромад фароҳам овард. Омӯзишро Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо кумаки молиявии ИМА, Финландия, Олмон, Норвегия ва Андорра доир намудааст.
Модули омӯзишӣ ҷузъҳои иҷтимоии методологияи «Зиндагии шоиста»-ро дар бар гирифт, ки дар пешгирии хушунати хонаводагӣ ва аз ҷониби шарики маҳрамона муассир буда, ба беҳтар шудани некӯаҳволии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ, воситаҳои зиндагӣ ва амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад. Курси омӯзиши тренерон инчунин масъалаҳои гендерӣ, муносибатҳо, муноқишаҳои оилавӣ, зӯроварӣ ва муоширатро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳар як МЗЗ пас аз анҷоми омӯзиш даҳ оилаи осебпазирро дар минтақаҳои дахлдори худ муайян мекунад ва донишҳои андӯхтаро барои кӯмак ба оилаҳои интихобшуда барои коҳиш додани ташаннуҷ дар байни аъзоёни оила, барқарор кардани муносибатҳо ва беҳтар кардани некӯаҳволии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ истифода мебарад.
«Малакаҳо ва донишҳои дар ин омӯзиш андӯхтаамон ба мо кӯмак мекунанд, ки дар байни он оилаҳое, ки мавриди зӯроварӣ қарор гирифтаанд, чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем ва ба онҳо дар коҳиши ташаннуҷ, беҳтар намудани муоширату муносибатҳо ва зиндагии шоистаи ва ҳамоҳанги онҳо кӯмак кунем», гуфт хонум Саодатхон Аллаёрова, намояндаи МЗЗ аз ноҳияи Балхӣ.