Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси таълимии минтақавӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва коҳиш додани хатарҳои маводи таркандаро барои мутахассисон аз Осиёи Марказӣ ба анҷом расонд
19 майи соли 2023, 20 нафар мутахассис ва кормандони амалии мақомоти низомӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва амният аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар Тошканд курси панҷрӯзаи «Баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва коҳиш додани хатарҳои маводи тарканда»-ро хатм карданд.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе чорабинии мазкурро дар ҳамкории зич бо Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон бо дастгирии Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон доир намуд.
Ҳадафи ин фаъолият рушди салоҳиятҳо ва баланд бардоштани тахассуси кормандони низомии Осиёи Марказӣ дар соҳаи баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз хатарҳои маводи тарканда (EORE) ва гендер, гуногунрангӣ, баробарӣ ва фарогирӣ (GDEI) дар амалиёти минарӯбӣ буд.
Курси таълимиро чор коршиноси байналмиллалӣ аз Британияи Кабир ва Маркази байналмилалии минарӯбии башардӯстонаи Женева тибқи стандартҳои байналмилалии минарӯбӣ гузарониданд.
“Курс на танҳо ҳамчун як платформаи таълимӣ, балки ҳамчун як платформаи табодули афкор ва муҳокимаи имкониятҳо оид ба муттаҳид кардани вақт, афкор ва захираҳои мо барои кори самараноки якҷоя хизмат мекард» гуфт Соня Станисавлевич, Роҳбари лоиҳаи «Ҳамкории фарогир дар самти барҳам додани хатарҳои маводи тарканда»-и Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. «Ҳадафи он ба мутахассисони Осиёи Марказӣ додани имконияти ҳалли муассир ва мустақилонаи масъалаҳои марбут ба хатарҳои маводи тарканда бо мурури замон буд».
Полковник Равил Байбеков, сардори Раёсати муҳандисии Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон аҳамияти ҳамкориҳои вазоратҳои мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказиро қайд намуда, ба САҲА барои дастгирии пайваста ва доимиаш дар татбиқи лоиҳаи минтақавӣ оид ба бартараф кардани хатарҳои маводи тарканда изҳори сипос намуд. «Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон омода аст ҳамкориҳоро бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ин самтҳои афзалиятнок идома ва густариш диҳад».
Дар маросими пӯшидашавӣ намояндагони Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон, Дафтари ҳамкориҳои низомии Сафорати ИМА дар Душанбе, Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ширкат доштанд.
Курс аз ҷониби Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида, Дафтари корҳои сиёсӣ-ҳарбӣ/Раёсати аз истеъмол баровардан ва маҳв кардани силоҳ ва ҳукуматҳои Олмон ва Швейтсария дастгирӣ карда шуд.