САҲА ба роҳбаладони шабакаи Марказҳои захиравии занони Тоҷикистон оид ба мубориза бо хариду фурӯши одамон таълим медиҳад
28 апрели соли 2023 дар шаҳри Душанбе курси таълимии серӯза оид ба мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, ки аз ҷониби САҲА барои роҳбаладони Марказҳои захиравии занон (МЗЗ) ташкил шуда буд, ба анҷом расид.
Курси мазкур 25 нафар иштирокчиёнро муттаҳид намуда, ба таҳкими дониши роҳбаладони МЗЗ оид ба тарзи баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи хариду фурӯши одамон равона шудааст. Иштирокчиён дар бораи муайян намудани шахсони зери хатар қарордошта, инчунин наҷотёфтагони ҷиноят, ҳуқуқҳои ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ва ҳуқуқҳои кӯдакони ҷабрдидаи хариду фурӯш ҳамчун гурӯҳи махсуси осебпазир, ки ба ҳимояи бештар ниёз доранд, маълумот гирифтанд. Мавзӯҳои дигаре, ки дар ин курс баррасӣ шуданд, фарқияти байни хариду фурӯши одамон, қочоқи ғайриқонунии муҳоҷирон ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ; субъектҳои мустақим ва ғайримустақими соҳаи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон; Механизми миллии бозравонии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ва нақши МЗЗ дар доираи Механизми миллии бозравонии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон буданд.
«Ман дар бораи қонунҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба хариду фурӯши одамон, ҳуқуқи инсони ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ва роҳҳои муқовимати мақомоти давлатӣ ба ин зуҳурот маълумот гирифтам. Ҳам занон ва ҳам мардон, ятимон, гурезаҳо ва муҳоҷирон мавриди хариду фурӯш қарор гирифта метавонанд. Донишу малакаи андӯхтаамро дар семинарҳо бо аҳли ҷомеа истифода намуда, онҳоро барои ҷабрдидагони хариду фурӯш нашудан ҳушдор мекунам», - гуфт Абдураҳим Қаландарзода, роҳбалади МЗЗ «Дармонбахш»-и ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон.
«Курси таълимӣ дар сатҳи олӣ омода ва ташкил карда шуд. Мавзӯъҳои пешниҳодшуда барои кори роҳбаладони МЗЗ хеле муҳим дониста шуданд», - гуфт Иноятхон Хоҷаева, роҳбалади МЗЗ “Роҳнамо” дар ноҳияи Лахши вилояти Хатлон ва афзуд, ки ӯ метавонад ин донишҳоро дар амал татбиқ намояд.
Баланд бардоштани иқтидори намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила ва хариду фурӯши одамон яке аз ӯҳдадориҳои Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар татбиқи Нақшаи амали САҲА оид ба мусоидат ба баробарии гендерӣ (2004) ва Нақшаи амали САҲА оид ба мубориза бо хариду фурӯши одамон (2003) мебошад.
Курси таълимӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Марказҳои захиравии занон»-и Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор шуда аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Финландия, Норвегия, Олмон ва Андорра маблағгузорӣ карда мешавад.