САҲА ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон милитсия ва ҷомеаро барои баррасии татбиқи Стратегияи ислоҳоти милитсия гирд оварданд
Дар робита ба татбиқи ислоҳоти милитсия ва ҳамкории милитсия бо ҷомеа, аз 28 март то 12 апрел Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе якҷоя бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо роҳбарони шӯъбаҳои ВКД ва аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар саросари вилояти Хатлони Тоҷикистон як қатор нишастҳои якрӯза доир намуданд.
Дар ҷараёни нишастҳо усулҳое, ки дар доираи ислоҳоти милитсия татбиқ карда мешаванд, бахусус дар самти амиқтар кардани ҳамкории милитсия ва ҷомеа, инчунин мубодилаи афкор ва баланд бардоштани савияи дониши кормандони милитсия ва аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар бораи нақши милитсия дар ҷомеа, роҳҳои беҳтар намудани ҳамкории муассири милитсия ва ҷомеа ва мубориза бо радикализатсия ва ифротгароӣ дар байни ҷавонон буд.
Дар нишастҳо 2100 нафар ширкаткунандагон, аз ҷумла сардорони шӯъбаҳои ВКД, аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятии вилояту ноҳияҳо, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки 377 нафарашон занон буданд, ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ дар нишастҳо Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия полковник Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам ҷанбаҳои калидии ислоҳоти милитсияро таъкид карда гуфт: «Ислоҳоти милитсия ба таҳкими ҳамкории милитсия бо ҷомеаҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани самаранокии кори милитсия дар минтақаҳо, дастрасии кӯмаки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои аҳолӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва таҳкими эътимод байни аҳолӣ ва милитсия равона карда шудааст».
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе саҳмгузории назаррасро ба дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ дар татбиқи Стратегияи ислоҳоти милитсия ва ташвиқу тарғиби консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар саросари Тоҷикистон идома медиҳад.