САҲА баргузории мизи мудаввар оид ба баробарии гендерӣ дар Тоҷикистонро дастгирӣ кард
14 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе мизи мудаввари Иттифоқи занони парлумон дар Тоҷикистон бахшида ба баррасии “Қонун дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Иттифоқи занони парлумон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе якҷоя мизбонӣ карда шуд.
Дар ин чорабинӣ ҳудуди 35 намоянда, аз ҷумла 32 нафар занон аз Иттифоқи занони парлумон, Иттифоқи занони додрас ва Иттиҳоди шӯроҳои занон дар Вазорати корҳои дохилӣ ширкат доштанд. Онҳо рафти иҷрои қонунро баррасӣ намуда, пешниҳодҳои се гурӯҳи занон ва сохторҳои дахлдори давлатиро оид ба мушкилот дар татбиқи қонун ҷамъоварӣ намуда, ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он тавсияҳо доданд.
Теа Ҷалиашвилӣ, Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе зимни ифтитоҳи семинар гуфт: “Дар Тоҷикистон қонунҳо ва барномаҳои зиёди давлатӣ оид ба баробарии гендерӣ қабул шудаанд ва САҲА дар ин таҳаввулот ва ташкили гурӯҳҳои занон дар Парлумони Тоҷикистон, судҳо, аз ҷумла Вазорати корхои дохилӣ саҳми хоксоронаи худро гузоштааст».
“Баробарҳуқуқӣ гарави шукуфоии ҷомеа дар ҳар кишвар аст. Он гарави сулҳу субот дар ҷомеа аст, зеро адолат ва холис будани ҷомеаро нисбат ба ҳар як шаҳрванд дар назар дорад. Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қарорҳоеро қабул кардаанд, ки ба иштироки баробари мардону занон дар тамоми соҳаҳои рушди кишвар мусоидат мекунанд», - иброз дошт Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тирамоҳи соли 2023 Иттифоқи занони парлумон дар бораи иҷрои қонунҳо ва муқаррароти марбут ба баробарии гендерӣ баррасии парлумониро баргузор намуда, натиҷаҳои мизи мудавварро бо ҳадафи мубодилаи фикру мулоҳизаҳо ва мушкилоти дар ҷараёни муҳокима муайяншуда бо тамоми парлумон дохил мекунад.