Рушди зарфияти Тоҷикистон барои дархости фаромарзии далелҳои электронӣ
Аз 29 ноябр то 2 декабр Департаменти таҳдидҳои фаромиллии САҲА, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Дафтари UNDOC оид ба пешгирии терроризм, дар Тоҷикистон курси таълимӣ оид ба дархости далелҳои электронӣ аз таъминотчиёни хизматрасонии воқеъ дар қаламрави кишварҳои хориҷиро баргузор намуданд. Курс дар асоси Дастурамали Созмони Милали Муттаҳид оид ба дархости фаромарзии далелҳои электронӣ аз ҷониби UNODC, INTERPOL ва САҲА бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст.
Дар курси таълимӣ 19 намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адлия ва дигар вазоратҳои дахлдори Тоҷикистон ширкат варзиданд. Модулҳои курс асбобҳои мавҷударо барои дархости далелҳои электронӣ дар хориҷа, аз ҷумла дархостҳо дар бораи ҳифз, ифшои ихтиёрӣ, ифшо дар ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии ҳуқуқии мутақобила, инчунин каналҳои ҳамкории полис-бо-полисро фаро гирифтанд. Дар рафти курс инчунин аҳамияти риояи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дар ҳамаи ин равандҳо таъкид гардид.
Пас аз курси серӯза мизи мудаввари якрӯзаи миллӣ баргузор шуд, ки дар он иштирокчиён ва коршиносон тағйироти заруриро барои такмил додани расмиёти мавҷудаи дархости далелҳои электронӣ аз таъминотчиёни хизматрасонии хориҷӣ баррасӣ карданд. Тренинг бо маҷмӯи тавсияҳо оид ба таъсиси механизмҳои самарабахши миллӣ анҷом ёфт.
«Дар шароити рушди босуръати интернет ва рақамисозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хеле муҳим аст, ки тавассути ҷалби ширкатҳои хусусӣ ва провайдерҳои шабакавӣ киберҷиноятҳоро бо усулҳои нави инноватсионӣ самаранок тафтиш кунанд», - гуфт Юкка Туононен, Сардори Шӯъбаи сиёсӣ ва низомии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. «САҲА пешбурди шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусиро барои мусоидат ба дархости далелҳои электронӣ аз сарҳад бо риояи пурраи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон идома медиҳад».
Курс тавассути лоиҳаи ғайрибуҷетии «Ташаккули иқтидор оид ба мубориза бо киберҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон ва Ҷумҳурии Корея маблағгузорӣ мешавад, дастгирӣ карда шуд.