Сафирони САҲА ба Тоҷикистон ташриф оварданд
Рӯзҳои 5 ва 6 ноябри соли 2022 як гурӯҳи чаҳорнафарии Намояндагони доимӣ дар САҲА ба Тоҷикистон сафар карданд, то бори дигар пуштибонии қавии худро аз таҳкими ҳамкориҳои САҲА бо Тоҷикистон тасдиқ кунанд.
Ба ҳайати гурӯҳи намояндагон Сафир Геза Бройтигам, Олмон; Сафир Кристин Фаже, Фаронса; Сафир Нил Буш, Британияи Кабир ва Сафир Майкл Карпентер, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дохил буданд. Сафирҳо дар доираи сафари минтақавии худ ба Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ ташриф меоранд.
Дар ҷараёни боздиди худ ба кишвар сафирон бо Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ мулоқот карданд.
Онҳо ҳамчунин аз Маркази таълимии минтақавии безарарсозии маводи таркандаи Вазорати дифои Тоҷикистон дар Чимтеппа ва Маркази захиравии занон дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ мешавад, боздид карданд.
Сафирон ба яке аз ташаббусҳои барҷастаи САҲА – Коллеҷи сарҳадӣ барои ҳайати роҳбарикунанда ташриф оварда, омодагӣ ва садоқати доимии Коллеҷ ба баланд бардоштани амният ва идоракунии сарҳадот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз онро ситоиш карданд. Онҳо ҳамчунин бо кормандони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот доир намуданд.
«Осиёи Марказӣ барои мо як минтақаи муҳим аст, бинобар ин мо дар формати “чаҳоргона” ба ин ҷо сафар карда истодаем. Илова ба боздид аз лоиҳаҳои маблағгузорикунандаи САҲА дар маҳалҳо, мо бо мақомоти баландпояи давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот хоҳем кард», - гуфтанд сафирон қабл аз сафар. «Мо бори дигар аҳамияти ҳамкориро таъкид мекунем, ҷалби САҲА-ро ба мусоидат ба субот ва амният дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳем ва оид ба афзалиятҳо ва ниёзҳои кишварҳои мо табодули афкор мекунем. Мо инчунин консепсияи фарогири САҲА-ро оид ба амният, ки ҷанбаҳои низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва инсониро дар бар мегирад, баррасӣ хоҳем кард», - хулоса карданд сафирон.