Баргузории курси минтақавии таълимӣ оид ба безарарсозии маводи тарканда бо дастгирии САҲА барои мутахассисони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон
21 октябри соли 2022, 15 нафар мутахассисон аз Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Маркази таълимии минтақавии безарарсозии маводи таркандаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Чимтеппа курси чорҳафтаинаи таълимии безарармозии маводи тарканда (сатҳи 2)-ро хатм карданд.
Курси таълимӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Артиши марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USARCENT) баргузор гардид. Курси таълимиро роҳбаладони USARCENT ва Маркази таълимии минтақавии безарарсозии маводи тарканда гузарониданд.
Ҳадафи ин фаъолият аз рушди салоҳиятҳо ва такмили ихтисоси кормандони низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ошкор ва муайян кардани маводи тарканда ва муайян кардани вақти бехатар баровардан ва интиқол додани онҳо барои нобудсозии ниҳоӣ иборат буд. Дигар мавзӯҳои асосии дар рафти курси таълимӣ фарогирифташуда бехатарии корҳои сапёрӣ; муайянкунии маводи тарканда; таҷҳизоти сапёрӣ; корхои муҳофизатӣ, воситаҳои муҳофизати шахсӣ буданд.
Дар маросими пӯшидашавӣ Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон нақлиёт ва таҷҳизоти компютерӣ ҳадя кард.
Юкка Туононен, Роҳбари Бахши сиёсӣ-ҳарбии Дафтари барномаҳои САҲА қайд кард, ки нақши Дафтари Департаменти давлатии ИМА оид ба баровардан ва нобудсозии силоҳ дар таъмини татбиқи лоиҳа ва рушди устувории он бахусус муҳим аст.
Сардори Раёсати муҳандисӣ генерал-майор Сайёрабек Бачабекзода Вазорати мудофиаи Тоҷикистонро намояндагӣ намуда гуфт: «Аз соли 2003 то имрӯз Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Барномаи давлатии минарӯбии гуманитарӣ фаъолона мусоидат мекунад. Самти дигари афзалиятноки ҳамкории Вазорат ва САҲА рушди зарфият ва такмили ихтисоси мутахассисон ва роҳбаладон дар Маркази таълимии минтақавии безарарсозии маводи таркандаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мебошад”.
Курс иқтидори таълимии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои Осиёи Марказиро барои омӯзиши кормандони худ оид ба хатари маводи тарканда ва захираҳои идоракунии фаврӣ дастгирӣ мекунад. Он ба вазоратҳо имкон медиҳад, ки рушди иқтидори дохилӣ ва интиқоли малакаҳоро дар мақомоти худ дар Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои узви САҲА мутобиқи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ идома диҳанд.