Конфронси сатҳи баланд нақши калидии амнияти сарҳадӣ ва ҳамкорӣ барои мубориза бо вабои терроризм дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он таъкид мекунад
Рӯзи 19 октябр дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти амният ва идоракунии сарҳадӣ барои мубориза бо терроризм ва пешгирии ҳаракати террористон» ба анҷом расид.
Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари мубориза бо терроризми СММ (UNOCT), Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Иттиҳоди Аврупо (ИА), бо дастгирии Давлати Қатар ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мизбонӣ карда шуд.
Президенти Чумхурии Точикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабиниро ифтитоҳ намуд. Президенти Чумхурии Точикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки “бо назардошти вазъи мураккаби минтақа ҳукумати Тоҷикистон ба таҳкими пайвастаи ҳифзи сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати пешгирии ҳаракати ҷангиёни террористӣ, муомилоти ғайриқонунии яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад».
Пас аз ифтитоҳ мӯҳтарам Антонио Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва мӯҳтарама Ҳелга Мария Шмид, Дабири кулли САҲА ба иштирокчиён бо паёми видеоӣ муроҷиат карданд, ки дар он Дабири кулли САҲА изҳор дошт: “Дар солҳои охир таҳдидҳои фаромарзӣ ва дигар ба амният торафт мураккабтар шуда, мушкилот бо суръати тез афзоиш меёбанд. Ҳеҷ як давлат наметавонад бо таҳдидҳо ба мисли ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, хариду фурӯши одамон, терроризм ё муомилоти маводи мухаддир дар танҳоӣ мубориза барад. Ҳамкории бештар ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам байналмилалӣ ҳатмист».
Ҳамоҳангсози фаъолиятҳои САҲА оид ба муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллӣ, сафир Алена Купчина низ дар давоми ду рӯз шахсан дар конфронс ширкат дошт. Сафир Купчина гуфт: “Мо ҳамкориҳои минтақавиро барои эҷоди омодагӣ ва эътимод дар муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллӣ ҳангоми ҳифзи ҳуқуқи инсон дастгирӣ мекунем”.
Зимни муаррифии шарҳи мухтасар ҳамраиси конфронс, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм, мӯҳтарам Воронков ба хукумати Точикистон барои мизбонии конфронс арзи сипос намуд. Ӯ иштироки фаъолонаи беш аз 900 нафар иштирокчиёни онро пазируфт, ки боиси муҳокимаҳои судманд гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Тея Ҷалиашвилӣ дар назди иштирокчиёни Конфронс суханронӣ намуда, инчунин чорабинии ҳошиявии конфронсро дар мавзӯи «Усулҳои рафторӣ дар мубориза бо терроризм: татбиқи усулҳои рафторӣ барои таъмини амнияти сарҳадӣ» ифтитоҳ намуд. Зимни суханронии худ ӯ ба зарурати ҷиддии таҳкими ҳамкориҳои ҳукумат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳангоми мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез дар соҳаи амният ва идоракунии сарҳадӣ ва татбиқи муносибати фарогири САҲА ба амният таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. “Танҳо тавассути татбиқи чораҳои ҳамаҷониба ва созанда – барномавӣ ва техникӣ (нарм ва сахт) – оид ба мубориза бо терроризм ва идоракунии амнияти сарҳадӣ бо ҷалби ҳам мақомоти ҳукуматӣ ва ҳам ҷомеаи шаҳрвандӣ, натиҷаҳо ба даст меоянд”, афзуд Ҷалиашвилӣ.
Конфронси мазкур қисме аз «Раванди Душанбе» мебошад, ки моҳи майи соли 2018 оғоз шуда буд, вақте ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат ба терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез» (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо даъват шуда буд. 16-17 майи соли 2019, Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризм дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланди раванд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти мубориза бо терроризм ва маблағгузории он тавассути муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккилона»-ро даъват кард.