САҲА ва Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ коршиносони сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистонро барои мубориза бурдан бо гурӯҳҳои террористӣ бо ҷорӣ кардани таҳримҳои молиявӣ меомӯзонанд
29 сентябр дар шаҳри Душанбе барои коршиносони сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон дар мавзӯъи “Муайян ва ҷорӣ намудани таҳримҳои иқтисодии мақсаднок дар асоси Қатъномаи Шӯрои амнияти СММ 1267 алайҳи шахсони алоҳидаву сохторҳои алоқаманд ба гурӯҳҳои террористӣ” семинар омӯзиши серӯза гузаронида шуд. Семинар омӯзиш аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкории зич бо шӯъбаи Котиботи САҲА оид ба хатарҳои фаромиллӣ ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ баргузор гардид.
Гурӯҳи таҳлили назоратӣ, ки бо таҳримҳои ДОИШ, Ал-Қоида, Толибон ва инчунин аъзоёну ҳаракатҳои алоқаманд ба ин гурӯҳҳо сарукор дорад, дар семинар омӯзиш баромад карда, оиди ваколат ва фаъолият кории худ маълумот дод.
Дар омӯзиши мазкур 13 намоянда аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок варзиданд.
Мақсади омӯзиш шинос намудани иштирокчиён бо Қатъномаи 1267 ва дигар қатъномаҳои алоқаманд, омӯзонидани истифодабарии василаҳо барои муайян ва пешниҳод кардани шахсону алоҳида ва сохторҳо ба рӯйхати таҳримҳо ва инчунин мукаммал сохтани дониши иштирокчиён оиди муайян карда тавонистани субъектҳо (шахсон) барои дохил кардан ба рӯйхати таҳримҳо бо назардошти эҳтироми ҳуқуқи инсон равона шудааст.
Семинар омӯзиши мазкур як қисми барномаи дарозмӯҳлати муштараки САҲА ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ мебошад, ки он барои баланд бардоштани зарфиятнокии мақомотҳои дахлдор ва беҳтар сохтани ҳамкории байнидоравии онҳо дар таҳқиқоти зиддитеррористи бо назардошти уҳдадориҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ равона шудааст.