Коллеҷи сарҳадии САҲА барои ҳайати роҳбарикунанда оид ба ворид намудани усули баназаргирии масоили гендерӣ ҳангоми таъмини амнияти сарҳадӣ мизи мудаввар доир менамояд
Ҷоринамоии усули баназаргирӣ ва фарогирии масоили гендерӣ ҳангоми назорат ва идоракунии сарҳад дар замони бӯҳрон ва низоъ меҳвари мизи мудавваре буд, ки аз ҷониби Коллеҷи сарҳадии САҲА барои ҳайати роҳбарикунанда санаи 2 сентябри соли 2022 дар Вена баргузор карда шуд.
Иштирокчиён оид ба ворид намудани усулҳои баназаргирии масоили гендерӣ барои баланд бардоштани самаранокии мақомоти амният ва идоракунии сарҳадӣ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои гуногуни фаромарзӣ табодули афкор намуданд. Мавзӯъҳои баҳс ҳамчунин мубориза бо хушунати ҷинсӣ ва гендерӣ, хариду фурӯши одамон ва ҳифзи ҳуқуқи башари онҳоеро, ки дар замони бӯҳрон ва низоъ аз марз фирор мекунанд, дар бар гирифтанд.
Дар суханронии ифтитоҳии худ Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария Шмид ба аҳамияти ворид намудани усулҳои баназаргирандаи масоили гендерӣ дар замони бӯҳрон, бахусус вақте ки ҷанг дар минтақаи САҲА ҷараён дорад ва дар натиҷа миллионҳо ғайринизомиён хонаҳои худро тарк карданд, таъкид кард. Вай инчунин қайд кард, ки дар замони бӯҳронҳо занон ва духтарон ба таври номутаносиб осеб мебинанд ва дар хатари таҳқир, хариду фурӯши одамон ва зӯроварӣ қарор доранд.
Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Теа Ҷалиашвилӣ изҳороти дабири куллро такрор кард. Ӯ таъкид кард, ки муҳокимаи мизи мудаввар ба баррасии робитаҳои байни амнияти сарҳадӣ бо баназаргирии ҷанбаҳои гендерӣ ва ҳуқуқи инсон ва идоракунии муассири сарҳадӣ мувофиқи усули ҳамаҷонибаи САҲА кумак расонд.
Зимни машқҳои амалӣ иштирокчиён дар бораи ғаразҳои бешуурона, табъиз нисбати шахсони ба ҳимоя эҳтиёҷманд ва ошкоркунии ҷабрдидагони эҳтимолии хариду фурӯши одамон дар сарҳад маълумот гирифтанд.
Мизи мудаввар сеюмин дар силсила мубоҳисаҳое буд, ки ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои байналмилалиро дар заминаи амният ва идоракунии сарҳадӣ фаро гирифтааст.