Дабири кулли САҲА Ҳелга Мария Шмид ба Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташриф овард
Дабири кулл зимни сафараш бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовини раиси парлумони Тоҷикистон ва раиси Иттиҳоди занони парлумон Дилрабо Мансурӣ, инчунин бо намояндагони ахли ҷомеа мулоқот кард.
Дабири кулл дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо САҲА ва дигар ҷонибҳои манфиатдори байналмилалӣ баргузор гардид, иштирок намуд. Вай инчунин форуми пеш аз конфронси «Форуми оби занон: баробарӣ, гуногунрангӣ ва фарогирӣ – об моро муттаҳид мекунад»-ро ифтитоҳ намуд.
Шмид бо кормандони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ мулоқот намуда, садоқат ва маҳорати касбии онҳоро баҳои баланд дод.