САҲА барои ҳуқуқшиносони Марказҳои захиравии занон ва мақомоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон оид ба дастгирии ҳуқуқии ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ омӯзиш доир намуд
Аз 11 то 14 август Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои ҳуқуқшиносони Марказҳои захиравии занон (МЗЗ), ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ мешаванд, ва мақомоти маҳаллӣ дар Душанбе курси чаҳоррӯзаи таълимӣ доир намуд. Дар ҷараёни курс ба иштирокчиён оид ба тарзи расонидани машварат ва ёрии ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ва шахсони дар хатари ба зӯроварии хонаводагӣ гирифтор шудан қарордошта таълим дода шуд. Дар он 23 ҳуқуқшинос аз вилоятҳои Суғду Хатлон, водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ширкат карданд.
Курсро тренерҳои махсус/адвокатҳое, ки таҷрибаи чандинсолаи ҳуқуқшиносӣ дар соҳаи зӯроварӣ дар оиларо доранд, гузарониданд.
Дар рафти курс иштирокчиён бо асосҳои қонунгузорӣ дар соҳаи пешгирии зӯроварӣ дар оила, механизмҳои байналмилалӣ ва миллӣ, ошкорсозии зӯроварӣ дар оила ва малакаҳои кор бо ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила шинос карда шуданд. Мавзӯи дигаре, ки мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, механизмҳои бозравонии ҷабрдидагон ва механизмҳои ситонидани ҷуброни моддӣ ва маънавӣ ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ буд. Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин доир ба хариду фурӯши одамон сӯҳбатҳо сурат гирифтанд.
Барои иштирокчиён машқҳои амалӣ ва корҳои гурӯҳӣ гузаронида шуданд, ки ба онҳо дар муҳокимаи масъалаҳо ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли онҳо кӯмак карданд.
Шамсиддин Мирзосафарзода, ҳуқуқшиноси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон муфид донист, ки дар рафти курс тавонист дониши худро оид ба қонунҳои миллӣ ва байналмилалӣ ва тарзи татбиқи онҳо такмил диҳад. Ӯ афзуд, ки машғулиятҳо оид ба қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бо зӯроварӣ дар оила ва хариду фурӯши одамон бахусус пурмазмун буданд.
Мирзобой Маллаев, ҳуқуқшиноси МЗЗ «Кӯҳсор»-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд гуфт: «Ҷалби ҳуқуқшиносон аз сохторҳои дахлдори давлатӣ хеле муфид ва саривақтӣ буд. Ин ҳамкориро байни сохторҳои маҳаллӣ тавсеа ва таҳким бахшида, боиси беҳтар шудани фаъолиятҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила мегардад». Ӯ афзуд, ки донишу малакаи андӯхтаашро дар фаъолияташ истифода хоҳад кард.
Дафтари барномаҳои САҲА дастгирии ҳукумати Тоҷикистонро дар татбиқи Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» идома медиҳад. Дафтари барномаҳо ба ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ дар минтақаҳо тавассути шабакаи 14 МЗЗ-и аз ҷониби САҲА таъсисёфта дар ҳамкории зич бо мақомоти маҳаллӣ кӯмаки ҳамаҷониба мерасонад.
Фаъолияти ҷорӣ дар доираи лоиҳаи МЗЗ-и Дафтари барномаҳои САҲА, ки аз ҷониби Норвегия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Финландия, Иттиҳоди Аврупо, Андорра ва Олмон маблағгузорӣ мешавад, амалӣ карда мешавад.