САҲА ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои васеъ намудани доираи фаъолияти Нуқтаи сайёри милитсия дар минтақаҳои дурдаст мусоидат мекунад
17 июн дар шаҳри Душанбе Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (Вазорат) се микроавтобус тақдим намуд. Кӯмаки техникӣ барои дастгирии минбаъдаи кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ислоҳоти милитсия равона шудааст.
Микроавтобусҳо ҳамчун Нуқтаҳои сайёри милитсия истифода шуда, ба кормандони милитсия барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба сокинони деҳот шароити беҳтари корӣ фароҳам меоранд. Дохили микроавтобусҳо бо мебел, ноутбук, GPS, принтер ва интернет муҷаҳҳаз шудаанд.
Иҷрочии вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе сафир Вук Жугич ва Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар маросими супоридани микроавтобусҳо иштирок карданд. Дар сухани ифтитоҳӣ, сафир Жугич гуфт: “Мо боварии комил дорем, ки микроавтобусҳо барои хизмат расонидан ба аҳолӣ самарнок истифода шуда, дар иҷрои барномаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва қабули арзу шикоятҳои сокинони минтақаҳои дурдаст мусоидат хоҳад кард.”
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба САҲА барои дастгирии Вазорат дар ташкили кори Нуқтаҳои сайёри милитсия изҳори сипос намуда, қайд кард, ки ташаббуси муштараки САҲА ва Вазорат дар раванди амалишавии ислоҳоти милитсия басо муҳим мебошад.
Соли 2021 Дафтари барномаҳо ба Вазорат чаҳор микроавтобус тақдим кард, ки он барои рушди фаъолияти Нуқтаи сайёри милитсия дар саросари кишвар равона шуда буд. То охири соли ҷорӣ Дафтари барномаҳо ба Вазорат боз панҷ микроавтобус тақдим хоҳад кард, ки дар маҷмӯъ кӯмаки умумӣ 12 адад микроавтобусҳоро ташкил медиҳад.