САҲА дар татбиқи усулҳои муосири бозпурсии пешакӣ, ҳамоҳангсозии сохторҳои милиса ва баназаргирии ҷанбаҳои гендерӣ Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад
14 июни соли 2022 намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (Вазорат) дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии Вазорат ва утоқҳои нави хизматиро ифтитоҳ бахшиданд.
Дафтари барномаҳо ба Вазорат барои азнавсозии чор қабулгоҳи замонавӣ, ки бо системаи назорати видеоӣ ва оинаҳои дутарафа муҷаҳҳаз шудааст, кӯмаки коршиносӣ ва моддӣ расонидааст. Ин иншоотҳо имкон медиҳанд, ки усулҳои муосири тафтишот ба кор бурда шаванд ва ба ҳифзи шоҳидон хизмат кунанд.
Дафтари барномаҳо инчунин Вазоратро дар ташкили маркази нави ҳамоҳангсозӣ, ки иқтидори пайваст кардани идораи марказии Вазоратро бо шӯъбаҳои минтақавии он оид ба масъалаҳои фаврӣ ба тариқи онлайнӣ, инчунин утоқҳои тармиму таҷдидшудаи Шӯрои занони Вазорат бо мақсади татбиқи усулҳои муосири баназаргирии ҷанбаҳои гендерӣ дастгирӣ намуд.
Дар маросими ифтитоҳ муовини Сарвари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Теа Ҷалиашвили гуфт: «Кори мо дар самти пешбурди минбаъдаи ҷанбаҳои гендерӣ дар кори Вазорат боз ҳам тақвият хоҳад ёфт».
Ба ҷуз аз кумаки техникӣ, Дафтари барномаҳо Вазоратро дар таҳияи лоиҳаи Низомномаи Ассотсиатсияи занони милиса дастгирӣ намуда, барои баррасии Оинномаи он барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор намуд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майор Саиднахш Раҳмонзода ҳамкориҳои судманди САҲА ва Вазоратро қадрдонӣ намуда, таъкид кард, ки сарфи назар аз мушкилоти COVID-19 дар солҳои 2020-2021, САҲА ва Вазорат тавонистанд корро дар самти таъсиси қабулгоҳҳои сайёри милиса ва шӯъбаҳои таҳлилӣ, инчунин таъмири биноҳои кории Вазорат ва шӯъбаҳои ноҳиявии он идома диҳанд. Ӯ аз идомаи дастгирии пайвастаи САҲА, аз ҷумла ташкили механизми ҳамоҳангсозии донорҳо барои татбиқи лоиҳаҳои Вазорат изҳори умедворӣ кард.
Раиси Шӯрои занон полковник Бибихол Хушбахтзода ба САҲА барои дастгирӣ арзи сипос намуда, иттилоъ дод, ки Шӯро моҳи августи соли 2022 Оинномаи Ассотсиатсияи Шӯроҳои занонро баррасӣ намуда, барои тасдиқ ба роҳбарияти Вазорат пешниҳод менамояд.