САҲА барои таъсиси сехи дӯзандагӣ ва утоқи тиббӣ дар маҳбаси занон ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон кӯмак кард
10 июни соли 2022, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ифтитоҳи бахши истеҳсолӣ ва утоқи тиббӣ дар маҳбаси занонаи ноҳияи Норак дастгирӣ намуд. Дар маросими ифтитоҳи расмии он Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, сафир Вук Жугич ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Мансурҷон Умаров ширкат варзиданд.
Дафтари барномаҳо як сехи дӯзандагиро дар маҳбаси занон таъмир карда, онро бо 24 мошинаи дарздӯзии замонавӣ, асбобу анҷоми зарурӣ ва ҷиҳоз муҷаҳҳаз намуд. Сехи дӯзандагӣ аз утоқи буридани матоъ, синфхонаи касбомӯзӣ, ошхона, ҳаммом ва ҳуҷраи либоспӯшӣ иборат аст. Дар сехи дӯзандагӣ беш аз 50 нафар маҳбусзанон ба истеҳсоли даромаднок машғул хоҳанд шуд. Зиёда аз 100 маҳбусзан аз курсҳои сертификатсияшудаи дӯзандагӣ мегузаранд, ки ба онҳо барои азхудкунии малакаҳои нав ва афзоиши имконоти шуғл пас аз озод шудан кӯмак мекунад.
Сафир Жугич аҳамияти татбиқи самараноки муносибати ҳамаҷониба ба офиятбахшӣ ва аз нав шомилкунии иҷтимоии маҳбусон тибқи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ бо таваҷҷӯҳи хоса ба ниёзҳои гурӯҳҳои осебпазир: занон, наврасон, пиронсолон, ақаллиятҳои миллӣ ва шахсони дорои маъюбият қайд намуд.
Дафтари барномаҳо инчунин утоқи тиббиро таъмир карда, онро бо як дастгоҳи ултрасадо ва як дастгоҳи рентгенӣ муҷаҳҳаз намуд, ки барои расонидани муолиҷаи фаврии тиббӣ ва дастгирии маҳбусзанон истифода бурда мешаванд. Дар доираи ин дастгирӣ, Дафтари барномаҳо дар ҳуҷраи аёдати маҳбусон асбобҳои маишӣ ва таҷҳизоти техникӣ насб намуд.
Сехи дӯзандагӣ ва утоқи тиббӣ дар доираи кӯшишҳои умумии офиятбахшӣ ва ба ҷомеа азнавшомилкунӣ, фаъолиятҳои даромаднок ва беҳтар намудани шароити будубоши маҳбусон таъсис дода шудаанд.