САҲА ҳамкориҳои созмонҳои ҳуқуқи башар ва занонро барои дастгирии ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ дар Осиёи Марказӣ тақвият медиҳад
Тақвияти ҳамкорӣ байни созмонҳои ҳуқуқи башар ва занон, ки ба ҷабрдидагони хушунати гендерӣ хизмат мерасонанд, бо мақсади мусоидат ба табодули таҷриба ва дониш дар Осиёи Марказӣ дар маркази таваҷҷӯҳи конфронси минтақавӣ қарор дошт, ки 18 ва 19 майи соли 2022 дар Душанбе баргузор шуд.
Пас аз конфронсе, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мизбонӣ карда шуд, чорабинии барқароркунии робитаҳо ва баланд бардоштани иқтидори Марказҳои захиравии занони Осиёи Марказӣ, ки дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи Барномаи масъалаҳои гендерии Котиботи САҲА, WIN (Шабакаи занон ва мардон барои баробарии гендерӣ) ва бо намояндагиҳои САҲА дар Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ташкил карда шуд, сурат гирифт.
“Конфронси минтақавии Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки таҷрибаҳо ва воситаҳои беҳтарини минтақаро мубодила карданд ва омӯхтанд, ки ба мубориза бо пандемияи «ниҳонии» ҷаҳонии зӯроварии гендерӣ нигаронида шудаанд», гуфт иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Теа Ҷалиашвили зимни суханронии ифтитоҳии худ.
Конфронси минтақавӣ намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, ки дар пешгирӣ ва вокуниш ба хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон нақши калидӣ доранд, ҳамчунин бахши ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои дипломатиро гирди ҳам овард. Иштирокчиён таҷрибаҳои хуб ва имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои дастгирӣ ва ҳифзи бехатар ва дастрасро барои занон ва духтароне, ки ба зӯроварӣ дучор мешаванд, баррасӣ карданд.
Дар муҳокимаҳо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Парлумон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе иштирокчиёнро бо хулосаҳое шинос кард, ки аз фаъолияти тарғиботии худ дар соҳаи пешбурди механизмҳои муассири пешгирӣ ва эътино намудан ба зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон, инчунин дастгирии шабакаи Марказҳои захиравии занон, ки ба ҷабрдидагон дар минтақаҳо хизматҳои дастгирии равонӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ пешниҳод мекунанд баровардааст. Коршиносони Котиботи САҲА ва Шабакаи Аврупоии Занҳо алайҳи хушунат табодули таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ карданд.
Рӯзи дуюми чорабинӣ ба таъсиси платформаи шабакавӣ байни Марказҳои захиравии занон, Котиботи САҲА ва намояндагиҳои САҲА, инчунин созмонҳои байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат намуд. Иштирокчиён зарурати нигоҳ доштани табодули мунтазами таҷрибаи пешқадам, инчунин имкони ташкили чорабиниҳо ва маъракаҳои муштараки минтақавиро бо мақсади вокуниш намудан ба мушкилоти умумии марбут ба мубориза бо зӯроварии гендерӣ баррасӣ карданд.
Маърифат Хидиралиева, Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Маърифат» дар ноҳияи Хуросони Тоҷикистон қайд кард: «Ташкилоти ҷамъиятии мо узви шабакаи миллии 14 Маркази захиравии занон мебошад ва тавассути ин чорабинии дурӯза мо шабакаро васеъ намуда, дар сатҳи минтақавӣ ҷиҳати дастгирии беҳтари ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила чораҳо меандешем”.
Зулфия Байсакова, Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳоди марказҳои бӯҳронӣ» дар Алмаато, Қазоқистон мегӯяд: «Омӯзиш аз таҷрибаи созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи занон аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар истифодаи усули бисёрсоҳавӣ ва механизмҳои бозравонӣ барои офиятбахшии таъҷилии ҷабрдидагони зӯроварии гендерӣ хеле муфид аст».