Афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар омӯзиши САҲА ихтисоси худро оид ба банақшагирии оперативӣ такмил медиҳанд
Аз 14 апрел то 3 майи соли 2022 дар ноҳияи Ҳамадонӣ бисту панҷ афсари сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар омӯзиши Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе оид ба банақшагирии амалиёт ихтисоси худро такмил доданд.
Мавзӯҳо дар бораи қабули қарорҳо, банақшагирии амалиётӣ, арзёбии хатарҳо, огоҳии гендерӣ ва хондани харитаҳои топографӣ дар маркази диққати омӯзиш буданд.
Дар маросими хатми омӯзиш сафир Вук Жугич, иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе гуфт: «Лоиҳаи САҲА оид ба босуботгардонии минтақаҳои ҷанубии сарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои Дафтари барномаҳои мост. Он ба Тоҷикистон дар таҳкими амният ва идоракунии сарҳад ва рафъи таҳдидҳои берун аз сарҳади давлатӣ кумак мекунад”.
Полковник Хушвахтов Кишваршо, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ қайд кард, ки ҳамкориҳои САҲА ва Қӯшунҳои сарҳадӣ аз соли 2008 инҷониб натиҷаҳои мусбат оварданд ва боназардошти вазъи кунунии сарҳад бо Афгонистон баланд бардоштани иқтидори нерӯҳои сарҳадбонии Тоҷикистон аз ҳарвақта муҳимтар аст.
Ин омӯзиш як қисми лоиҳаест, ки тавассути Барномаи Иттҳоди Аврупо оид ба рушди ҳамсоягӣ ва ҳамкории байналмилалӣ маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи ин лоиҳа такмили ихтисоси ҳам Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва ҳам Хадамоти сарҳадбонии Афғонистон барои мубориза бо амалҳои ғайриқонунӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ мебошад. Ҳадафи ин лоиҳа ҳамчунин таҳкими иқтидори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои вокуниш ба офатҳои табиӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад.