Баробарии гендерӣ дар парлумон дар маркази таваҷҷӯҳи семинари САҲА барои аъзои парлумон, аҳзоби сиёсӣ ва судяҳои Тоҷикистон
Баназаргирии масоили гендерӣ дар сиёсат ва қонунгузорӣ ва таҷрибаҳои беҳтарини таҳлили баназаргирии масоили гендерӣ дар қонунгузорӣ мавзӯъҳои семинари дурӯзаи сатҳи пешрафта буданд, ки 16 феврали соли 2022 дар Душанбе ба анҷом расид. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДҲБ) ин чорабиниро дар ҳамкорӣ мизбонӣ карданд.
Дар семинар 31 нафар намояндагони парлумон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7 ҳизби ба қайд гирифташуда ширкат варзиданд. Онҳо дониш ва фаҳмиши худро дар бораи ба назар гирифтани ҷанбаҳои гендерӣ дар сиёсат такмил доданд ва масъалаи онро, ки баробарии гендерӣ барои тамоми фаъолияти парлумон чӣ гуна аҳамият дорад, мавриди баррасӣ қарор доданд. Иштирокчиён инчунин худбаҳодиҳии ибтидоии онро гузарониданд, ки чӣ гуна баробарии гендерӣ дар кор, расмиёт ва сохтори парлумон ба назар гирифта мешавад.
Семинарро Юлия Нетесова, сардори Бахши идоракунии демократӣ ва гендерии ДИДҲБ ва Саша Гаврич, Ёвари корманди ДИДҲБ оид ба масъалаҳои гендерӣ доир намуданд.
Теа Ҷалиашвили, Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, дар ифтитоҳи семинар гуфт: “Иттиҳод ё гурӯҳи занон инчунин барои бароҳмонии робита бо занони сиёсатмадор аз парлумонҳои саросари минтақаи САҲА, ки дар он иттифоқҳо ва созмонҳои мушобеҳ вуҷуд доранд, имкон фароҳам меорад. Мо умедворем, ки табодули таҷрибаҳои хуб дар мизи мудаввари имрӯза ва муҳокимаи муштараки мо ба ноил шудан ба дарки беҳтари баназаргирии ҷанбаҳои гендерӣ дар сиёсат кӯмак хоҳад кард”.
Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон) гуфт: “Таъсиси Иттиҳоди занони парлумон дар Тоҷикистон ҳамчун як платформаи нав хоҳиши Парлумони кишварро оид ба гузоштани саҳми арзанда ба баланд бардоштани иштироки занон дар тамоми соҳаҳо ва ба назар гирифтани ҷанбаҳои гендерӣ дар қонунгузорӣ пурра инъикос мекунад. Иттиҳоди занони парлумони Тоҷикистон ҳоло дар марҳалаи нави рушд қарор дорад. Мо ҳамчун аъзои Иттиҳод дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои он фаъолона ширкат меварзем, нуфузи онро дастгирӣ ва таҳким мебахшем ва ба густариши таъсири Иттиҳоди занони парлумон дар арсаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва иҷтимоии кишвар мусоидат мекунем”.
Юлия Нетесова, сардори Бахши идоракунии демократӣ ва гендерии ДИДҲБ гуфт: “Мо умедворем, ки фаъолияти Иттиҳодияи занони парлумон дар ояндаи наздик дар ҷорӣ намудани ҷанбаҳои гендерӣ дар сиёсат натиҷаи мусбӣ хоҳад дод ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар якҷоягӣ бо ДИДҲБ дастгирии занони парлумонро дар ин иқдом идома хоҳад дод”.