САҲА ба ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои назорати стратегии тиҷорат дар Тоҷикистон мусоидат мекунад
23 декабри соли 2021 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе семинари чаҳоррӯзаи омӯзиширо оид ба масъалаҳои марбут ба назорати стратегии тиҷорат дар Тоҷикистон ба анҷом расонд.
Курси омӯзишӣ дар чаҳорчӯби кумаки САҲА ба ҳукумати Тоҷикистон дар иҷрои Қарори 1540 (2004) Шӯрои амнияти СММ дар бораи паҳн накардани силоҳи қатли ом ва воситаҳои интиқоли онҳо баргузор шуд.
Дар ин семинар дар Душанбе 28 намояндаи Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Маркази ташхиси кимиёӣ, биологӣ, радиологӣ ва ядроӣ ширкат карданд.
Мақсади курси омӯзишӣ мусоидат намудан ба ҳамоҳангсозии байниидоравӣ байни мақомоти пешсафи миллӣ дар масъалаҳои назорати стратегии тиҷорат дар асоси навсозиҳо ва тағйироти охирин ба чаҳорчӯбаи меъёрии миллӣ буд.
Дар он ду коршиноси миллӣ ва ду коршиноси байналмилалӣ аз Барномаи назорати содирот ва амнияти марзҳои ИМА ва Маркази таълимии минтақавии Тоҷикистон оид ба назорати содирот ва паҳн накардани силоҳи қатли ом мусоидат карданд.
Теа Ҷалиашвилӣ, муовини Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, зикр кард, ки масъалаҳои назорат ва паҳн накардани силоҳ дар рӯзномаи САҲА дар сатҳи баланд қарор доранд ва самтҳои афзалиятноки ҳамкории кишварҳои узви ин созмон муайян карда шудаанд. Вай ҳамчунин зикр кард, ки САҲА аз соли 2016 то инҷониб ҳукумати Тоҷикистонро дар иҷрои амалии Қарори 1540 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯби Принсипҳои он оид ба паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ дастгирӣ мекунад.
Абдулло Дагиев, сардори Раёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, нақши САҲА дар беҳбуди назорати содирот дар Тоҷикистонро таъкид намуда, ба Дафтари барномаҳо барои ҳамкорӣ ва дастгирии пайваста арзи сипос намуд. «Вазорат ба сифати мақомоти миллии ҳамоҳангсози масъалаҳои назорати содирот дар Тоҷикистон ба беҳбуди ҳамкориҳои байниидоравӣ ва ҳамоҳангсозии байни мақомоти таъиншудаи миллӣ дар доираи ин рӯзнома таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамояд. Аз ин рӯ, мавзӯи курси омӯзишии имрӯза бо назардошти таҷдиди охирин ба бахшҳои дахлдори чаҳорчӯбаи меъёрии миллӣ оид ба назорати содирот хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад», - хулоса кард Дагиев.
Аз соли 2020 САҲА Вазорати рушди иқтисод ва савдоро дар амалисозии нақшаи амал оид ба такмили механизмҳои назорати содироти молҳои таъиноти дугуна дар кишвар дастгирӣ мекунад. Дар солҳои 2020-2021 як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин соҳа мавриди таҷдид қарор дода шуданд. Рӯйхати миллии молҳои таъиноти дугуна низ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуда, Комиссияи назорати содиротии кишвар таъсис дода шуд.