САҲА ба директорони марказҳои захиравии занон дар Тоҷикистон идоракунии самараноки лоиҳаҳоро таълим медиҳад
17 нафар директорони Марказҳои захиравии занони (МЗЗ) аз ҷониби САҲА дастгиришаванда, ки дувоздаҳ нафарашон занон мебошанд, дар курси таълимӣ дар Душанбе тарзи идоракунии бомуваффақияти лоиҳаҳо ва ҷамъоварии маблағ барои таъмини устувории МЗЗ-и худро омӯхтанд. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ин курсро, ки аз 13 то 17 декабри соли 2021 баргузор гардид, мизбонӣ кард.
Иштирокчиён дар бораи рушди ташкилотӣ, таҳияи консепсияҳо ва пешниҳодҳои лоиҳавӣ мутобиқи талабот ва меъёрҳои донор, татбиқи лоиҳа ва консепсияи лоиҳа, асосҳои идоракунии даври лоиҳа, маблағгузорӣ ва малакаҳои ҳамоҳангсозии донорҳо, инчунин муаррифии муассир ва малакаҳои ҳисоботдиҳӣ маълумот гирифтанд.
Манзура Саломова, директори Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон» дар Душанбе гуфт: «Омӯзиш дар сатҳи олӣ омода ва ташкил карда шуд. Мавзуъхои пешниходшуда барои кори рохбарони ташкилотхои чамъиятӣ ва худи ман хеле мухим дониста шуданд». Вай афзуд, ки мутмаин аст, ки баргузории чунин омӯзишҳо сатҳи донишу малакаҳои раҳбарони созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар масъулини маҳаллиро баланд мебардорад. Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки дар оянда низ чунин курсҳои таълимӣ доир ба мавзӯъҳои мухталифи рӯзмарра баргузор карда шаванд, то созмонҳои ҷамъиятӣ фаъолтар шаванд.
Ғолиб Урунов, директори МЗЗ «Маркази дастгири ҷамоати Ворух» гуфт: «Дар рафти семинар мо дар бораи фаъолияти дигар МЗЗ-ҳо тавассути табодули таҷриба маълумот гирифтем ва инчунин механизмҳои татбиқи фаъолиятҳоеро муҳокима ва таҳия кардем, ки дар доираи лоиҳаи нави минбаъда ба нақша гирифта шудаанд”.
Дафтари барномаҳо ба ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ дар минтақаҳо тавассути шабакаи 14 МЗЗ-и аз ҷониби САҲА таъсисёфта дар ҳамкории зич бо мақомоти маҳаллӣ дастгирии ҳамаҷониба мерасонад. Фаъолияти кунунӣ дар доираи лоиҳаи «Дастгирӣ ва таҳкими марказҳои захиравии занон дар Тоҷикистон»-и Дафтари барномаҳои САҲА, ки аз ҷониби Норвегия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Финландия, Иттиҳоди Аврупо, Андорра ва Олмон маблағгузорӣ мешавад, татбиқ карда мешавад.