Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо сафари ҳайати Тоҷикистонро ба Маскав бо ҳадафи омӯзиши системаи пешгирӣ ва идоракунии оқибатҳои офатҳои табиӣ ташкил мекунад
19 ноябри соли 2021 сафари панҷрӯзаи иштирокчиён аз Тоҷикистон ба Маскав бо дастгирии САҲА барои омӯзиши системаи пешгирӣ ва идоракунии офатҳои табиӣ ба анҷом расид.
Шаш намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо усулҳои нави идоракунии офатҳои табиӣ ошно шуданд ва ҳамзамон шабакаҳои касбии худро тақвият доданд. Сафари омӯзишӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи шаҳрвандӣ, ҳолатҳои фавқклодда ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиии Русия баргузор шуд.
Зариф Саидов, сардори Раёсати ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшии Кумита гуфт, ки сафари омӯзишӣ имкон дод бо ҳамкасбон аз Русия мулоқот доир намоянд ва ҳамкориҳои ояндаро, бахусус дар соҳаи кӯмаки равонӣ мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Ҳадафи ин сафар инчунин саҳм гузоштан ба баланд бардоштани иқтидори Кумита дар самтҳои кӯмаки равонӣ ва идоракунии бӯҳронҳо бо дарназардошти ҳама тавсияҳои Кумита ва Вазорати мудофиаи шаҳрвандӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиии Русия буд.
Дар доираи ташриф мулоқотҳо бо мутахассисони пешбари Академияи давлатии хадамоти зиддисухторӣ; Маркази ёрии таъҷилии равонӣ; Маркази “Лидер” оид ба гузаронидани амалиёти наҷотдиҳии хавфнокиашон баланд; Институти умумироссиягии тадкикоти илмии мухофизат аз сухтор; Сарраёсати Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ ва Академияи мудофиаи шаҳрвандӣ суръат гирифтанд.