САҲА ба афсарони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон барои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути интернет таълим медиҳад
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои афсарони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон (АНМН) семинари онлайнии серӯза оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути интернет ва мушаххасоти тафтишоти аввалия ташкил намуд. Ин чорабинӣ аз 15 то 17 ноябр дар Душанбе баргузор шуд. Дар семинар 15 нафар кормандони шӯъбаҳои фаврӣ-тафтишотии АНМН иштирок намуданд. Иштирокчиён оид ба асосҳо ва амалҳои ибтидоӣ дар мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир дар интернет дониши худро такмил доданд.
Шӯъбаи таҳдидҳои фаромиллии Котиботи САҲА ва Намояндагии доимии Федератсияи Русия дар САҲА семинарро роҳандозӣ намуда, тренерони Донишкадаи ҳуқуқи Сибири назди Вазорати корҳои дохилии Русия онро баргузор намуданд. Иштирокчиён мафҳумҳои умумии марбут ба шабакаҳои пинҳонӣ, аз ҷумла Darkweb-ро омӯхта, ба истифодаи нодурусти криптоасъор ва системаҳои расмии пардохт, ки тавассути онҳо маводи мухаддири ғайриқонуниро харидан мумкин аст, баррасӣ карданд. Дар қатори дигар мавзӯъҳо, онҳо инчунин истифодаи усулҳои махсуси тафтишотиро омӯхтанд, ки барои мусодира ва тафтиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва дастгоҳҳои интернетию технологӣ, сабти аудио, акс ва видео ва дохил намудани онҳо ба протоколи азназаргузаронии ҷои ҳодиса равона шудаанд.
«Барои афсарони мо муҳим аст, ки дар бораи тамоюл ва равишҳои нав дар ошкор ва тафтиши парвандаҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар шабакаҳои интернетӣ маълумоти бештар ба даст оранд», - гуфт Тоҷиддини Исмоилиён, сардори Маркази таълимии АНМН. Исмоилиён таъкид кард, ки Агентии мазкур ба идомаи ҳамкориҳо бо САҲА ҷиҳати боз ҳам такмил додани тавонмандии назариявӣ ва амалии афсарони АНМН манфиатманд аст.