САҲА дар бораи нақши ҷавонон дар мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон семинар ташкил кард
Ҷавонони тоҷик дар семинаре, ки 16 ва 17 ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, фаҳмиш ва дониши худро дар бораи таъсири манфии коррупсия ва роҳҳои пешгирии фасод дар Тоҷикистон сайқал доданд.
Дар ин чорабинӣ ҳудуди 35 нафар ҷавондухтарон ва мардон аз донишгоҳҳои гуногуни Тоҷикистон ширкат варзиданд. Мавзӯҳои асосии муҳокима стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи пешгирии коррупсия ва мухолифати манфиатҳо; ахлоқ ва кодекси рафтор дар хизмати давлатӣ; арзёбӣ ва нишондиҳандаҳои хавфҳои коррупсионӣ; шаффофият ва ошкорбаёнии сохторҳои давлатӣ; махдудиятхо ва мамнуиятхо барои хизматчиёни давлатӣ ва мухолифати манфиатхо буданд.
Филиппо Кривелларо, роҳбари Шӯъбаи иқтисодӣ ва экологии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе гуфт: “Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҳар як ҷомеа дар рушди демократӣ ва иқтисодии кишвар нақши муҳим доранд. Ба ин далел, САҲА талошҳо барои баланд бардоштани огоҳии ҷавондухтарон ва мардон дар бораи оқибатҳои коррупсия ва ҳамгироии онҳо дар талошҳои густурдаи мубориза бо фасодро дастгирӣ мекунад”.