Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд рафти иҷрои нақшаи амали миллии Тоҷикистон дар доираи қатъномаи 1540 Шӯрои Амнияти СММ (2004) баррасӣ шуд
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаласаи таҳлилиро оид ба иҷрои Нақшаи амалиёти миллии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Қатъномаи 1540 Шӯрои Амнияти СММ дар бораи паҳн накардани силоҳи қатли ом дастгирӣ кард.
Ҷаласаи мазкур аз 11 то 13 ноябри соли 2021 дар ш. Гулистони вилояти Суғд баргузор шуда, аз ҷониби Агентии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ, агентии миллии ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи таҳлилӣ ҳудуди 15 нафар намояндагони миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бахшҳои ниҳодҳои марбут ба маводи кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ, хадамоти садамавӣ, хадамоти сарҳадӣ ва гумруки миллӣ ширкат варзиданд. Дар ҷаласа Барномаи назорати содиротии ИМА ва амнияти сарҳадӣ низ ширкат дошт.
Тавре Илҳом Мирсаидзода, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба иҷрои қатъномаи 1540-и СММ дар Тоҷикистон изҳор дошт, дар солҳои 2016-2021 баъзе натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд. «Тасдиқи рӯйхати миллии молҳои истифодаи дугона аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2021 ва тасдиқи пешбинишудаи Комиссияи назорати содиротӣ дар Тоҷикистон дар соли 2021 тағйироти мусбат маҳсуб мешавад», - гуфт Мирсаидзода.
Парвиз Шомаҳмадов, Мутахассиси миллӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва низомии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе гуфт: «Бо дарназардошти таҳаввулоти кунунии амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва хатарҳое, ки аз Афғонистони ҳамсоя бармеоянд, таваҷҷӯҳи бештар ба масъалаҳои ҳифзи ҷисмонии маводи кимиёвии эҳтимолан хатарнок, материалхои биологй, радиационй ва ҳастаӣ ва пешгирй кардани ба дасти субъектҳои ғайридавлатй афтодани онхо зарур аст». Ӯ қайд кард, ки густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ, ки бо масъалаҳои мазкур сарукор доранд, барои беҳбуди минбаъдаи вазъияти умумии амният дар минтақа муфид хоҳад буд.