Дар Тоҷикистон курси минтақавии омӯзишӣ оид ба безарарсозии маводи тарканда барои мутахассисони Осиёи Марказӣ баргузор шуд
29 октябри соли 2021, 13 нафар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон курси сеҳафтаинаи минтақавии безараргардонии маводи таркандаро (дараҷаи 2) дар Маркази таълимии минтақавӣ оид ба хатари маводи тарканда (Марказ) дар Чимтеппаи Тоҷикистон хатм карданд.
Курси мазкур аз ҷониби Вазорати дифои Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе доир карда шуд. Бори аввал, он аз ҷониби роҳбаладони миллии безараргардонии муҳимоти нотаркидаи Вазорати мудофиа, аз ҷумла роҳбаладони Марказ гузаронида шуд.
Ҳадафи ин курс таҳкими зарфият ва баланд бардоштани тахассуси кормандони низомии Осиёи Марказӣ дар ошкор ва муайян кардани маводи тарканда, инчунин муайян кардани вақти бехатар ҳамлу нақл кардан ва барои нобудсозии ниҳоӣ интиқол додани онҳо буд. Ҳадафи курс инчунин аз рушди малакаҳои онҳо барои ҳамзамон нобуд кардани якчанд муҳимоти ҷангӣ бо истифода аз занҷирҳои хаттӣ ва ҳалқавии минаҳои алоҳида ва лавозимоти нотаркида иборат буд.
Дар ҷарарёни маросими хатми курс, миёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе созишнома оиди ба қарздиҳии таҷҳизоти компютерӣ ба Марказ ба имзо расид.
Парвиз Шомаҳмадов, мутахассиси миллӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ-ҳарбии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, қайд кард, ки нақши Марказ дар омӯзиши мутахассисон дар минтақа бо усулҳои навтарини мубориза бо хатарҳои маводи тарканда барои амнияти минтақа муҳим аст.
Намояндаи Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини сардори ситоди генералии вазорат генерал-майор Эгамзод Шараф гуфт: “Ман мутмаинам, ки ин курс ба кори дастаҷамъонаи рушди нерӯи миллӣ барои ҳифзи сулҳу субот дар кишварҳоямон саҳми арзандаи худро мегузорад».
Подполковник Виталий Гелфгат, сардори Бахши ҳамкориҳои низомии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе, аҳамияти ҳамкорӣ ва табодули таҷриба миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо хатароти маводи таркандаро муҳим арзёбӣ кард.
Генерал-майор Муҳаббат Иброҳимзода, директори Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо, аҳамияти истифодаи донишу малакаҳои бадастовардаро барои таҳкими сулҳ ва ҳифзи зиндагии мардуми осоишта дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид кард.
Лоиҳа аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА ва Олмон дастгирӣ карда мешавад ва як қисми кӯшишҳои САҲА барои таҳияи механизми ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳалли мушкилот ва чолишҳое мебошад, ки аз безараргардонии муҳимоти тарканда бармеоянд.