САҲА мизи мудавварро оид ба лоиҳаи Кодекси иттилоотии Тоҷикистон дастгирӣ мекунад
14 октябри соли 2021 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон муҳокимаи оммавӣ ва муаррифии лоиҳаи Кодекси иттилоотии Тоҷикистонро ташкил кард.
Мизи мудаввар дар якҷоягӣ бо Кумитаи корҳои байналмилалии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ (Палатаи поёни Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон), Ассотсиатсияи миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва Институти «Ҷомеаи кушода» ташкил карда шуд.
Дар ин чорабинӣ 22 нафар иштирокчиён, аз ҷумла намояндагони воломақоми парлумон ва Вазорати адлияи Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷонибҳои манфиатдори ҳукуматҳои маҳаллӣ ва васоити ахбори омма, аз ҷумла намояндагии назарраси рӯзноманигорони зан ширкат варзиданд.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ мусоидат ба мубоҳисаи ошкоро буд, ки ба ҷамъоварии маҷмӯи мушаххаси тавсияҳо оид ба лоиҳаи Кодекси иттилоотӣ нигаронида шуда буд. Бо мусоидат ба мубоҳисаҳои ошкоро, аз ҷумла таъсиси гурӯҳҳои корӣ оид ба матни ниҳоии Кодекси иттилоотӣ, вохӯрӣ фарогириро таъмин намуд ва фикру мулоҳизаҳои расонаҳои маҳаллиро ба мисли рӯзномаи «Набзи Бохтар», ТВ Қӯрғонтеппа, ТВ Хатлон ва Иттифоқи журналистон Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ба назар гирифт
«Дафтари барномаҳои САҲА бо камоли хушнудӣ ин ташаббуси саривақтиро дастгирӣ мекунад ва ба шарикони тоҷики мо дар ҳама марҳилаҳои зарурӣ кумак мерасонад, ки ин ба анҷом расонидани ин санади муҳими қонунгузории давлатӣ мусоидат мекунад», гуфт Михал Правдзик, Мушовири Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе оид ба кор бо ВАО.
Усмонзода Хайриддин Усмон, муовини раиси Кумитаи корҳои байналмилалии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: «Мақсади асосии кодификатсияи қонунгузорӣ дар доираи Кодекси иттилоот таъмин намудани сохтори систематикӣ ва ҳуқуқии рушд ва танзими ин соҳа мебошад. Дар натиҷа, ҳадафи он бартараф кардани номувофиқатӣ дар қонунгузории амалкунанда, вобаста ба пайдоиши шароити нав ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мебошад».
Баҳсҳои шабеҳ қаблан дар Хуҷанд, вилояти Суғд ва ҳамчунин дар Душанбе, моҳи сентябри соли 2021 ташкил шуда буданд.