САҲА равоншиносони Марказҳои захиравии занони Тоҷикистонро оид ба расонидани кӯмаки равонӣ ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ таълим медиҳад
1 октябри соли 2021 дар Душанбе курси таълимии панҷрӯза дар мавзӯи “Фаъолияти равоншиносон дар масъалаҳои хушунати хонаводагӣ”, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташкил карда шудааст, ба охир расид. 21 нафар занони равоншинос аз Марказҳои захиравии занон (МЗЗ) ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Иштирокчиён дар бораи психологияи зӯровар, намудҳо ва хусусиятҳои он; усулҳои кор бо зӯровар; бӯҳрони равонӣ ва расонидани кӯмаки равонии офиятбахшӣ; хушунат нисбати кӯдакон дар оила ва тартиб додани гузориши равонӣ дар бораи кӯдакони аз хушунат ҷабрдида маълумот гирифтанд. Мавзӯи дигари асосии чорабинии мазкур тарзи истифода бурдан аз хадамоти телефони боварӣ аз ҷониби равоншиносони МЗЗ барои арзёбии хатар ва роҳҳои кӯмакрасонии беҳтарин ба шахси азияткашида буд.
Фотима Шоҳзодамуҳаммадова, равоншиноси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт: “Ин курси таълимӣ ба ман дар сайқал додани дониши усулҳои равоншиносӣ кӯмак кард”. Ӯ афзуд, ки онро дар кори амалии худ истифода хоҳад бурд. Ӯ инчунин қайд кард, ки дар ҷараёни ҷаласаҳо оид ба таснифи намудҳои зӯроварӣ нисбати ҷабрдидагон маълумоти бахусус бештар гирифт.
Ҷавоҳирхон Давлатова, равоншиноси МЗЗ дар ноҳияи Рашт, дар бораи шинохтани нишонаҳои дилгиршавӣ, ки равоншиносони дар ин соҳа фаъолияткунанда дучор меоянд, дарки амиқ пайдо кард ва илова намуд, ки вай аз маслиҳатҳо оид ба кор бо психологияи зӯровар манфиати бештар гирифтааст.
Дафтари барномаҳои САҲА минбаъд низ ба Ҳукумати Тоҷикистон дар татбиқи Қонун дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила мусоидат хоҳад кард. Дафтари барномаҳо тавассути шабакаи 14 Маркази захиравии занони аз ҷониби САҲА дар ҳамкории зич бо мақомоти маҳаллӣ таъсисдодашуда ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ дар минтақаҳо кӯмаки ҳамаҷониба мерасонад.
Фаъолияти ҷорӣ дар доираи Лоиҳаи Марказҳои захиравии занони Дафтари барномаҳои САҲА, ки аз ҷониби Норвегия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Финляндия, Иттиҳоди Аврупо, Андорра ва Олмон маблағгузорӣ мешаванд, амалӣ карда мешавад.