САҲА курси таълимӣ барои ҳуқуқшиносонро, ки ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон кумаки ҳуқуқӣ мерасонанд, дастгирӣ намуд
17 сентябри соли 2021 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси чоррӯзаи таълимиро барои ҳуқуқшиносоне, ки дар соҳаи хушунати хонаводагӣ кор мекунанд, дар шаҳри Душанбе ба анҷом расонд. Дар он 21 ҳуқуқшинос аз Марказҳои захиравии занони САҲА ва мақомоти маҳаллӣ аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Иштирокчиён бо механизмҳои байналмилалӣ ва миллии мубориза бо зӯроварӣ дар оила, қонунҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, консепсия ва таърифи зӯроварии хонаводагӣ, роҳҳои муайян кардани намудҳои зӯроварӣ дар оила ва малакаҳои кор бо ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ шинос шуданд. Мавзӯъҳои дигари баррасишуда механизмҳои бозравонии ҷабрдидагон ба дигар хизматгузорон мувофиқи талабот ва механизмҳои ситонидани ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ буданд.
Дилфуза Давронова, мутахассиси Раёсати ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе иброз дошт: “Мушкилоти хушунати хонаводагӣ, ҳифзи ҳуқуқи занон ва кӯдакон, пешгирии намудҳои гуногуни зӯроварӣ, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ айни ҳол масъалаҳои хеле мубрам мебошанд”.
Фотима Тоҷибоева, коршиноси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара гуфт: “Барои кормандони Кумита ва дигар мақомоти дахлдори маҳаллӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ чунин омӯзишҳо саривақтӣ буда, роҳнамои пешрафт ва татбиқи фаъолияти мо мебошанд. Ман ба аксари саволҳои мураккаби ҳуқуқие, ки ҳангоми дастгирии ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ дучор шудам, посухҳои аниқу возеҳ гирифтам”.
Мақсатулло Ҳасанов, ҳуқуқшиноси МЗЗ «Занони Шарқ» дар Панҷакент гуфт: “Тренинг ба ман дар бораи тавсияҳои байналмилалӣ ва СММ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, механизми татбиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва протоколҳои факултативӣ, ки барои мутахассисони ҳуқуқшинос заруранд, маълумот ва донишҳои зиёди навро пешниҳод кард”.
Дафтари барномаҳои САҲА минбаъд низ ба Ҳукумати Тоҷикистон дар татбиқи Қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” мусоидат хоҳад кард. Дафтари барномаҳо тавассути шабакаи 14 МЗЗ-и аз ҷониби САҲА таъсисдодашуда дар ҳамкории зич бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ дар минтақаҳо дастгирии ҳамаҷониба мерасонад.
Фаъолияти ҷорӣ дар доираи Лоиҳаи “Марказҳои захиравии занон”-и Дафтари барномаҳои САҲА амалӣ карда мешавад, ки аз ҷониби Норвегия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Финляндия, Иттиҳоди Аврупо, Андорра ва Олмон маблағгузорӣ мешавад.