САҲА имконоти иқтисодии занонро дар Тоҷикистон тавассути омӯзонидани онҳо ҳамчун роҳбаладони кӯҳнавард тавсеа медиҳад
Аз 23 то 30 июни соли 2021 Дафтари барномаҳо курси ҳаштрӯзаи таълими занон ҳамчун роҳбаладони ояндаи кӯҳнавард доир намуд. Дар омӯзише, ки дар қаторкӯҳи Газнок дар ноҳияи Айнӣ баргузор шуд, даҳ зан аз манотиқи гуногуни кӯҳистонии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Қабл аз пиёдагардӣ ва хаймазанӣ дар кӯҳҳо, дар шаҳри Душанбе курси таълимии дурӯзаи муқаддимавӣ бо роҳбарии кӯҳнаварди маҳаллӣ Андрей Гупалов ва Виолетта Велкоска, мутахассиси Дафтари барномаҳо оид ба масоили гендерӣ ва мубориза бо хариду фурӯши одамон баргузор шуд. Иштирокчиён дар бораи малакаҳои роҳбарӣ ва муошират, омодагӣ, банақшагирии сафарҳо, интихоби хатсайрҳо, асосҳои муҳити зист ва метеорология, бастабандии таҷҳизот, арзёбии хатарҳо, ёрии аввалия ва корҳои наҷотдиҳӣ дар кӯҳҳо маълумот гирифтанд. Курси таълимӣ муҳокимаи масъалаҳои баробарии гендерӣ, мубориза бо қолабҳои (стереотипҳои) гендерӣ ва нақши занон дар равандҳои қабули қарорҳоро низ дарбар гирифт, ки Маҳбуба Мамадатохонова, корманди миллии гендерии Дафтари барномаҳо доир намуд.
Қисми асосии курси таълимӣ аз машқҳои шашрӯзаи амалӣ дар қароргоҳҳои (лагерҳои) кӯҳӣ иборат буд. Қароргоҳи аввал дар баландии 2300 метр ва дуввум дар баландии 2900 насб карда шуд. Иштирокчиён бо минтақаи кӯҳистонӣ, олами набототу ҳайвоноти он, техникаи кӯҳнавардӣ, кор бо ресмон ва дигар таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ва тарзи насб кардани қароргоҳ шинос шуданд. Онҳо инчунин дар бораи тағирёбии шароити обу ҳавои кӯҳистон ва мушкилоти бемории баландӣ таълим гирифтанд.