САҲА намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро оид ба таҷрибаҳои пешқадами байналмилалии маҳкумкунии шартӣ ҳамчун ҳукми алтернативӣ таълим медиҳад
30 июл дар Душанбе курси дурӯзаи таълимӣ оид ба маҳкумкунии шартӣ ҳамчун ҳукми алтернативӣ, ки ба маҳрумсозӣ аз озодӣ алоқаманд нест, ба охир расид. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе машғулияти таълимиро дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии Ислоҳоти зиндонҳо ташкил кард.
Дар курси таълимӣ дар маҷмӯъ 33 намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони маҳбасҳо, аз ҷумла 20 зан иштирок карданд. Иштирокчиён дониши худро оид ба намудҳшои алтернативии ҳукм баланд бардоштанд ва масъалаҳои ташкили шӯъбаҳои маҳкумкунии шартӣ, ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, офиятбахшӣ ва шомилкунии иҷтимоии маҳбусонро муҳокима карданд. Илова бар ин, иштирокчиён хулосаи Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии СММ оид ба чораҳои ғайри ҳабс (Қоидаҳои Токио) ва Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии СММ оид ба муносибат бо маҳбусонро (Қоидаҳои Нелсон Мандела) баррасӣ карданд.
Дар байни иштирокчиён намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ташкилотҳои ҷамъиятии «Дафтари ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун» ва «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ҳузур доштанд.
«Консепсияи маҳкумкунии шартӣ, ки аз ҷониби САҲА таҳия шудааст, самти Стратегияи миллии ислоҳоти ҷиноиро оид ба рушд додани имкониятҳои маҳкумкунии шартиро ҳамчун шакли алтернативии ҳукм муайян мекунад», гуфт Рустам Бобоализода, Муовини якуми Раиси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ.
«Курси таълимӣ оид ба маҳкумкунии шартӣ яке аз қадамҳои калидӣ барои баланд бардоштани иқтидори кормандони маҳбасҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба рушди имконоти маҳкумкунии шартӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи пешқадам ҷавобгӯ аст», - гуфт Роберт Хойер, сардори Шӯъбаи андозагирии инсонии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе.