САҲА барои мутахассисони Маркази минтақавии таълимии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба бартарафкунии хатарҳои маводи тарканда курси безараргардонии маводи таркандаро дастгирӣ мекунад
18 июни соли 2021 дар Чимтеппа дар Маркази минтақавии таълимӣ оид ба бартарафкунии хатарҳои маводи тарканда курси якмоҳаи минтақавии безараргардонии маводи тарканда (сатҳи 2) ба итмом расид.
Курсро Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Артиши марказии Иёлоти Муттаҳида (USARCENT) доир намуд. Курси омӯзиширо тренерони USARCENT гузаронданд.
Дар ин курси таълимӣ се тренери Маркази минтақавии таълимии оид ба бартарафкунии хатарҳои маводи тарканда, се афсар ва як мутахассиси тиб аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ширкат варзиданд. Он ба рушди салоҳиятнокию малакаҳои онҳо дар самти ошкор ва муайян кардани лавозимоти тарканда, инчунин муайян кардани вақти бехатар баровардан ва интиқол додани онҳо равона карда шудааст. Курс инчунин машқҳои тақлидии иҷроиши вазифа дар вазъи воқеии корӣ, баланд бардоштани малакаҳои роҳбаладӣ ва мониторинги иштирокчиёнро дар бар гирифт.
Машғулиятҳои синфӣ мавзӯъҳоро, аз қабили ҷустуҷӯи фаврии муҳимоти тарканда; таҷҳизоти минатозакунӣ; идоракунӣ, аз ҷумла арзёбии таҳдидҳо; ва эътирофи хатарҳои экологӣ, ки дар онҳо маводи тарканда ҷойгиранд фаро гирифтанд. Машғулиятҳои амалӣ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе якҷоя ташкил карда шуда, дастрасии бехатар ва интиқоли муҳимотро ба макони нобудсозии ниҳоии онҳо дар бар гирифтанд.
Валериу Кивер, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе гуфт: «Ман ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории пайвастаи аъло миннатдории самимӣ баён мекунам. Шарикии мо ба баланд бардоштани қобилияти Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо хатарҳои тарканда ва мубодилаи дониш ва таҷриба дар байни мутахассисони соҳа нигаронида шудааст». Кивер дар идома афзуд, ки ин якумин курс пас аз пандемия бо иштироки ҳамаи шарикон аст ва ба ҳукуматҳои ИМА ва Олмон барои дастгирӣ дар татбиқи лоиҳа арзи сипос намуд.
Муовини якуми роҳбари Ситоди кулли вазорат, генерал Мировар Хушвахт Миршакар, намояндаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон солҳои ҳамкорӣ байни Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Вазорати мудофиа ва нақши коршиносони Артиши марказии Иёлоти Муттаҳида (USARCENT), аз ҷумла дар таҳияи барномаи таълимии курсро қадрдонӣ кард. Вай таъкид кард, ки дар тӯли солҳо барнома ба иштирокчиён аз кишварҳои мухталиф имкон дод, ки дар самти нобуд кардани муҳимот дониш гиранд.
Стивен Экилс, сардори Дафтари ҳамкориҳои низомии сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе қайд кард, ки ИМА ӯҳдадор аст, ки хадамоти амнияти Тоҷикистон ва ҳукуматро дар ҳадафи муштараки таъмини амнияти васеътар дастгирӣ кунад. Вай ба шарикии барқароршуда байни ҳукумати ИМА, Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Маркази миллии оид ба масъалаҳои минаҳо дар Тоҷикистон ва ҳукумати Олмон баҳои баланд дод.
САҲА аз соли 2014 инҷониб таҳияи механизмҳои ҳамкории сатҳи техникии байни давлатҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ мекунад, то нигарониҳо ва мушкилоте, ки аз хатари маводи тарканда маншаъ мегиранд, ҳал карда шаванд.