Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамкориҳоро барои соли 2021 баррасӣ мекунанд
17 июни соли 2021, Валериу Кивер, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковник Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои баррасии самтҳои ҳамкорӣ дар соли 2021 мулоқот доир намуд.
Онҳо фаъолсозии Гурӯҳи кории ҳамоҳангсози ислоҳоти милитсия барои соли 2021 ва татбиқи лоиҳаи «Участкаҳои сайёри милитсия барои қабули ариза ва муроҷиатҳои шаҳрвандон»-ро муҳокима карданд.
Дар доираи мулоқот, Кивер се микроавтобусро тақдим намуд, ки дутои он ҳамчун қабулгоҳҳои сайёри милитсия истифода хоҳанд шуд ва аз нав таҷдид карда шуда, бо ноутбукҳо муҷаҳҳаз карда шудаанд, сеюмаш барои беморхонаи Вазорати корҳои дохилӣ аст. Панҷ скутерҳои барқӣ барои участкаҳои озмоишии милитсия ҷудо карда шуданд. Ғайр аз он, як системаи видеоконфронсӣ ва ҷиҳоз барои утоқи видеоконфронс пас аз ҷудо кардани ҳуҷра аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ супорида мешавад.
Генерал-полковник Раҳимзода Рамазон аз хайрияи САҲА изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт: «Таҷҳизот ва мошинҳое, ки шумо имрӯз тақдим намудед, нишон медиҳанд, ки мо бо роҳи дурусти татбиқи ислоҳоти милитсия ҳаракат мекунем. Қабулгоҳҳои сайёри милитсия роҳи дурусти оғози барномаи нав таҳияшудаи ислоҳоти милитсия мебошанд ва мо бояд афзоиш додани миқдори чунин мошинҳоро дар доираи ҳамкории мутақобила баррасӣ кунем. Ҳукумат Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025-ро тасдиқ кард. Мо бояд диққати худро ба татбиқи фаъолияти он бо роҳи ташкили гурӯҳи нави корӣ оид ба амалисозии нақшаҳои нав ва ба даст овардани натиҷаҳои хуб дар оянда равона кунем».
«Сарфи назар аз тафовути муайян дар усулҳои ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон, ман мехоҳам динамикаи хуби ҳамкориамонро қайд намоям. Мо дар бораи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ оид ба ташкили участкаҳои мобилии милитсия барои қабули аризаҳо ва муроҷиатҳои шаҳрвандон шартнома ва Нақшаи амали муштаракро барои соли 2021 байни ВКД ва Дафтари барномаҳо имзо кардем, ки аллакай ба татбиқи онҳо шурӯъ кардем», гуфт Кивер.
Вай инчунин илова кард, ки Дафтари барномаҳо розӣ шуд, ки фаъолияти системаи сабти электронии ҷиноятҳоро то нӯҳ Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳиявӣ тавассути хариди компютерҳо ва мебел васеъ кунад.