ХАБАРИ ИТТИЛООТӢ САҲА барои роҳбаладони марказҳои захиравии занон ва намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон курсҳои омӯзиши тренеронро доир менамояд
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ду даври курсҳои серӯзаи омӯзиши тренеронро дар мавзӯи “Усулҳои интерактивии таълими калонсолон оид ба масъалаҳои марбут ба зӯроварӣ дар оила” хотима дод, ки аз 7 то 12 июни соли 2021 дар Душанбе баргузор шудаанд. Дар курсҳо ҳудуди 40 намоянда аз Марказҳои захиравии занон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкат варзиданд.
Иштирокчиён бо таҷрибаи пешқадами таълими калонсолон оид ба намудҳои зӯроварии хонаводагӣ ва пешгирии он, истифодаи механизмҳои бозравонӣ дар сатҳи ҷамоат, нақши гендерӣ ва нобаробарии гендерӣ ҳамчун омили пайдоиши зӯроварӣ дар оила шинос шуданд. Дар ҷараёни курсҳои таълимӣ чаҳорчӯбаи қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ ва сиёсати марбут ба хушунати хонаводагӣ низ маврди баррасӣ қарор дода шуд. Иштирокчиён инчунин малакаҳои суханронӣ ва презентатсияҳои оммавиро ба даст оварданд ва истифодаи ин малакаҳоро дар машқҳои амалӣ ва нақшофарӣ амалӣ карданд.
«Ман аз курс усулҳои нави мусоидат ба нақшофарӣ дар таълимро омӯхтам. Мо инчунин 17 Ҳадафи рушди устувор ва таҳлили мушкилотро бо истифодаи усули “дарахти мушкилот” баррасӣ кардем. Ман дониш ва малакаи андӯхтаамро дар маъракаҳои таблиғотӣ бо аъзоёни ҷомеа истифода хоҳам кард, - гуфт Айнидин Раҳмонов, роҳбалади Маркази захиравии занони “Маркази дастгирии Ғарм”.
«Омӯзиш ба фаъолияти ман дар Кумита хеле муҳим аст. Мо дониш ва малакаҳои дар ин тренинг андӯхтаро ҳангоми кор бо оилаҳои осебпазир истифода хоҳем кард. Ман боварӣ дорам, ки ин ба тавсеаи имконоти занон мусоидат мекунад то онҳо худро муҳофизат кунанд ва ҳис кунанд, ки онҳо танҳо нестанд, хадамоте ҳастанд, ки ба онҳо кӯмак мерасонанд», - қайд кард Ҳамзира Замонова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила дар ноҳияи Панҷакент.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дастгирии Ҳукумати Тоҷикистонро дар амалисозии Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» идома медиҳад. Дафтар тавассути шабакаи 14 Маркази захиравии занони дар Тоҷикистон таъсисёфта ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар минтақаҳо дастгирии ҳамаҷониба пешниҳод мекунад.
Курси таълимӣ дар доираи лоиҳаи Марказҳои захиравии занони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо маблағгузории Норвегия, ИМА, Финляндия, Иттиҳоди Аврупо ва Андорра амалӣ сурат мегирад.