САҲА курси таълимии аз ҷониби ИА маблағгузоришудаи таҳкими иқтидори гузаронидани амалиётҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро дар Хоруғ оғоз мекунад
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси чорҳафтаинаи таълимиро дар шаҳри Хоруғ барои тақвияти иқтидори касбии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон барои вокуниши самаранок ба таҳдидҳои дар минтақаҳои наздисарҳадӣ баамалоянда оғоз намуд. Маросими ифтитоҳ 1 июни соли 2021 бо иштироки намояндагони боломақоми Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор гардид.
31 афсари сарҳадии қисми махсуси сарҳадӣ малакаҳои худро дар топография, ёрии аввалия дар ҳолатҳои бардоштани ҷароҳатҳои майдони ҷанг, посбонии тактикӣ, радиоалоқа, қоидаҳои сарҳадии миллӣ, огоҳии гендерӣ, арзёбии хатарҳо, навиштани ҳисоботи посбонӣ ва усулҳои наҷотбахшӣ дар шароитҳои тобистон ва зимистон ташаккул доданд. Курси таълимӣ омӯзиши кӯҳнавардӣ ё алпинизмро низ фаро мегирад. Модулҳои посбонии тактикӣ дарсҳои қонунгузории миллӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон дар робита бо ҳуқуқ ва муносибат бо боздоштшудагон ва гурезагонро дар бар мегиранд.
Валериу Кивер, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки лоиҳа дар доираи Стратегияи миллии идоракунии сарҳадҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025 амалӣ карда мешавад. «Модулҳои курс ҳам ба назарияи гузаронидани амалиёти сарҳадӣ ва ҳам ба машқҳои амалӣ нигаронида шудаанд. Умедворам, ки ин усул ба таҷдиди дониши кунунии афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард ва ба онҳо имкон медиҳад, ки онро дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ бомуваффақият истифода баранд”, - илова кард сафир Кивер.
Полковник Паҳлавӣ Восиев, муовини сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ гуфт: «Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳми Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба субот ва амнияти сарҳад баҳои баланд медиҳанд. Мо дар бораи лоиҳаи “Босуботгардонии минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон” арзёбиҳои мусбат шунидем. Барои минтақаи Бадахшон чунин курсҳо муҳиманд, зеро вазъи ҳарбӣ-сиёсии Афғонистон ҳамарӯза тағйир меёбад ва ин дар сарҳади мо ҳис карда мешавад.”
Ин давраи омӯзишӣ як қисми лоиҳаест, ки тавассути Воситаи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад. Лоиҳа ҳадафи баланд бардоштани иқтидори касбии ҳам Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва ҳам Хадамоти марзбонии Афғонистон дар мубориза бо амалҳои ғайриқонунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадиро дорад.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси таълимиро дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон доир менамояд.