Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе машғулияти баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба нақши ҷавонон дар мубориза бо коррупсияро баргузор кард
29 майи соли 2021 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба нақши ҷавонон дар мубориза бо коррупсия доир намуд. Машғулият барои донишҷӯёни факултаи дипломатия ва сиёсати Академия, ки тахассуси муносибатҳои байналмилалиро аз худ мекунанд, пешниҳод карда шуд.
Дар ин чорабинӣ ҳудуди 20 донишҷӯ ширкат варзиданд, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо дар бораи оқибатҳои манфии коррупсия ва нақши онҳо дар мубориза бо он мебошад. Дар ҷараёни машғулият ба истилоҳ ва намудҳои коррупсия, роҳҳои мубориза бо коррупсия ва нақши ҷавонон дар он диққати махсус дода шуд.
“Нақши фаъоли ҷавонон дар пешгирии коррупсия шарти ҳалкунандаи ояндаи устувор ва рушди Тоҷикистон мебошад”, гуфт Филиппо Кривелларо, роҳбари Бахши иқтисодӣ ва экологии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. “Ҷавонон ҳамчун ояндаи ин кишвар як иштирокчиии хеле тавонои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии одамон дар бораи оқибатҳои манфии коррупсия, ташаккулдиҳии ростқавлӣ, ҳисоботдиҳӣ ва шаффофият дар низоми идоракунии давлатӣ мебошанд”.
Зайниддин Саидмухторов, мудири шӯъбаи равобити байналмилалии факултаи дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатӣ гуфт: «Ман мехоҳам ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои дастгирии мунтазам ба Академия дар доир намудани машғулиятҳо барои донишҷӯён дар мавзӯи коррупсия, бо дарназардошти аҳамияти ин мавзӯъ барои роҳбарони ояндаи кишвар арзи сипос намоям”.