САҲА курси таълимӣ оид ба тақкими иқтидори афсарони сарҳадбони Тоҷикистон дар ноҳияи Спитаменро дар гузаронидани амалиётҳои саҳроӣ ба анҷом мерасонад
![](https://www.osce.org/files/imagecache/10_large_gallery/f/images/hires/5/3/487165.jpg?1621510923)
18 май, бисту нӯҳ афсари Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (Қӯшунҳои сарҳадӣ) курси таълимиро оид ба таҳкими иқтидори Қисми махсуси сарҳадии ноҳияи Спитамен дар гузаронидани амалиётҳои саҳроӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, хатм карданд. Курсро Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (САҲА) дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ташкил кардааст.
Курси чорҳафтаина, ки машғулиятҳои амалӣ ва синифро дар бар гирифт, ба иштирокчиён кӯмак кард, ки малакаҳои худро оид ба вокуниш ба таҳдидҳои берун аз марзҳои давлатӣ такмил диҳанд ва амалиёти муштараки худро барои ҳифзи самараноки сарҳади давлатӣ ҳамоҳанг кунанд. Модулҳои курс посбонии тактикӣ, арзёбии хатар, радиоалоқа, навиштани ҳисоботҳои посбонӣ, усулҳои зиндамонӣ дар шароитҳои тобистон ва зимистон, муқаррароти сарҳадии миллӣ, огоҳии гендерӣ ва расонидани кӯмаки аввалия ҳангоми бардоштани ҷароҳатҳои майдони ҷангро дар бар гирифтанд. Қонунгузории миллӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳуқуқ ва муносибат бо дастгиршудагон ва гурезагон низ дар рафти омӯзиш муҳокима шуданд.
Муовини сардори Саридораи омодагии ҷангии қӯшунҳои сарҳадӣ полковник Шамсов Аловатшо ва роҳбари Лоиҳаи САҲА “Босуботгардонии минтақаи марзи ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон” Антони Мис ба иштирокчиёни курс шаҳодатномаҳо оид ба хатми бомуваффақияти курс тақдим намуданд.
Дар маросими хатми курс полковник Шамсов қайд кард, ки ҳамкории САҲА ва Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таҳкими амният ва идоракунии сарҳад дар Тоҷикистон натиҷаҳои мусбат меорад.
Курси таълимии мазкур як қисми лоиҳаест, ки тавассути Асбоби сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад. Лоиҳа ҳадафи баланд бардоштани иқтидори касбии ҳам Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва ҳам Хадамоти марзбонии Афғонистонро дар мубориза бо амалҳои ғайриқонунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ дорад. Лоиҳа инчунин ба таҳкими иқтидори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои вокуниш ба офатҳои табиӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ нигаронида шудааст.