Бист афсари сарҳадбони Тоҷикистон давраи дуюми курси банақшагирии амалиётиро дар шаҳри Хуҷанд ташкил карданд
![](https://www.osce.org/files/imagecache/10_large_gallery/f/images/hires/6/b/486787.jpg?1621320374)
13 май афсарони сарҳадбони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд як курси таълимии сеҳафтаина оид ба банақшагирии амалиётиро ба итмом расониданд. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадӣ курсро ташкил намуд, ки онро Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ кардааст.
Дар ҷараёни курси таълимӣ малакаҳои бист сарҳадбони тоҷик дар банақшагирии амалиётӣ, усулҳои гузаронидани дастурдиҳӣ, идоракунии иттилоот ва хавфҳо, огоҳии гендерӣ ва малакаҳои фармондеҳӣ ва назорат такмил дода шуд. Афсарон тарзи ҷамъоварии маълумотро оид ба ҳолат/вазъ, хондани харитаҳои топографӣ ва амалҳо дар ҳолатҳои убури оммавии марз ва иғво дар марзро омӯхтанд.
Полковник Шӯҳрат Ёров, муовини сардори Сарраёсати ҳифзи сарҳади давлатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамкории Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА барои таъмини амнияти сарҳадҳои кишварро муфид арзёбӣ кард. Вай таъкид кард, ки фаъолиятҳои такмили ихтисос, аз қабили ин курси таълимӣ, “ба такмили малакаҳои онҳо дар таҳлили вазъият дар сарҳад, банақшагирии посбонӣ, амалиёти ҷангӣ ва тасмимгирии саривақтӣ кумак мекунанд”.
Мародалӣ Мародалиев, тренери Лоиҳаи «Босуботгардонии минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон» гуфт, ки ин курс барои афсарони ситоди Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Вай қайд кард, ки бартарии амалӣ ин буд, ки он ба ҳалли мушкилоте, ки афсарон дар кори ҳаррӯзаи худ дучор меоянд, асос ёфтааст.
Ин дуюм курс аз силсилаи нӯҳ курси таълимӣ дар доираи лоиҳаи “Босуботгардонии минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон” буд, ки тавассути Воситаи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи лоиҳа таҳкими иқтидори касбии Хадамоти марзбонии Тоҷикистон ва Афғонистон дар мубориза бо амалҳои ғайриқонунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад.