САҲА курси чоруми таълимии маблағгузоринамудаи Иттиҳоди Аврупоро оид ба тақвияти иқтидори наҷотдиҳандагони Тоҷикистон дар гузаронидани амалиётҳои саҳроӣ дар шаҳри Хуҷанд хотима мебахшад
23 апрели соли 2021, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (Кумита) дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд курси таълимии чорҳафтаинаи таҳкими иқтидори гузаронидани амалиёти саҳроиро ба итмом расониданд. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумита курси омӯзиширо ташкил намуд, ки онро Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ кардааст.
Курс ба такмил додан ва баланд бардоштани малакаҳои наҷотдиҳандагони вилояти Суғд, ки барои гузаронидани амалиётҳои мураккаби наҷотдиҳӣ заруранд ва омода кардани онҳо барои гузаронидани амалиёти устувори саҳроӣ дар шароити душвор, ки барои минтақаи амалиёти Кумита хос аст, диққати махсус дод.
Дар ҷараёни курси таълимӣ, як гурӯҳи дигари иборат аз 16 наҷотбахши вилояти Суғд (илова бар 82 наҷотбахши қаблан таълимгирифта) малакаҳои худро дар хониши харитаҳои ҳарбӣ/топографӣ ва роҳёбӣ дар маҳал, пайшиносӣ ва убури дарё ва амалиётҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ ва обӣ, дар нақлиёт, биноҳои фурӯгашта ва ҳангоми сел, тармафароӣ ва садамаҳои роҳ таҷдид карданд. Иштирокчиён инчунин дар бораи ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқи инсон ва гендерӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти наҷотдиҳӣ маълумот гирифтанд.
Иштирокчиён дар истифодаи технологияҳои нав, аз қабили тепловизори назорати шабона ва дастгоҳҳои рақамии вибро-акустикӣ ҳангоми гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ машқ карданд. Онҳо инчунин бо талабот ба ёрии аввалияи тиббӣ ва бехатарии тиббии наҷотдиҳандагон шинос шуданд.
Дарсҳои назариявӣ дар раёсати Кумита дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, мавзӯъҳои аз қабили ҳолатҳои фавқулодда, таснифи онҳо, тағирёбии иқлим ва оқибатҳои он, омодагӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табииро фаро гирифтанд. Машғулиятҳои амалӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Қайроққум гузаронида шуданд. Курсҳои таълимиро коршиносони маҳаллӣ аз Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Кумита баргузор намуданд.
Полковник Латифзода Ҳотамшо Латиф, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, аз курсҳои таълимӣ изҳори қаноатмандӣ кард. “Онҳо ба такмили ихтисоси кормандон ва иқтидори умумии Кумита дар самти вокуниши самаранок ба офатҳои табиӣ ва дигар бӯҳронҳо мусоидат намуда, бо ин ба амнияти умумии Тоҷикистон саҳми мусбӣ хоҳанд гузошт”, - гуфт ӯ.
Теа Ҷалиашвили, муовини роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, қайд кард, ки аз 10 курси таҳкими қобилияти гузаронидани амалиётҳои саҳроӣ ин шашумин курс мебошад, ки ҳадафи то охири сол омӯзонидани 150 наҷотбахшро дошта, дар доираи лоиҳаи ИА маблағгузорӣ карда мешавад.
Абдумалик Абдуҳамидов, фармондеҳи Гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии фаврии Кумита дар вилояти Суғд таъкид кард, ки курсҳои таълимӣ ба иштирокчиён малакаҳоеро омӯхтанд, ки ягон муассисаи таълимии Тоҷикистон пешниҳод намекунад. “Ихтисоси наҷотбахшон тавассути ин омӯзиш такмил дода шуд ва имрӯз мо метавонем бо итминон бигӯем, ки дониши дар давоми курс ба дастомада ба мо дар оянда ба гузаронидани корҳои босифати наҷотбахшӣ кӯмак мекунад”, - гуфт Абдуҳамидов.
Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи САҲА оид ба “Босуботгардонии минтақаи наздисарҳадии ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон” гузаронида шуд, ки ҳадафи он тақвияти иқтидори Кумита дар бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад.