САҲА ба кормандони тиббии сохторҳои қудратии Тоҷикистон, муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ курси ёрии аввалияи тиббӣ гузаронд
9 апрели соли 2021, курси даҳрӯзаи омӯзиши тиббӣ оид ба расонидани кӯмаки аввалия ва интизқоли шахсони маҷрӯҳ ҳангоми нобудсозии маводи тарканда дар Маркази минтақавии таълимии Вазорати мудофиа Тоҷикистон оид ба хавфҳои восиатҳои тарканда воқеъ дар назди шаҳри Душанбе хотима ёфт. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ин курсро дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Тоҷикистон доир намуд.
Дар курси омӯзишӣ 15 корманди тиб аз вазоратҳои гуногун, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Вазорати мудофиа, Маркази минтақавии таълимӣ оид ба хавфҳои восиатҳои тарканда, Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳова ташкилоти ҷамъиятии Кӯмаки Мардуми Норвегия ширкат варзиданд.
Иштирокчиён оид ба идоракунии расонидани кӯмаки тиббӣ дониш ва малакаҳои худро ривоҷ доданд, ки мавзӯъҳои тартиби расонидани кӯмаки бонавбат ба маҷруҳон аз рӯи ҷароҳати бардошта, усулҳои эҳёкунӣ, боздории хунравӣ, ёрии таъҷилии саривақтӣ барои осеби сар, дасту по ва сутунмӯҳра ва инчунин ҳангоми ҷароҳатҳои аз минаҳо ва муҳимоти нотаркида бардошташударо дар бар гирифт. Иштирокчиён инчунин мавзӯъҳои марбут ба пандемияи Ковид-19 ва дигар бемориҳои сироятиро муҳокима карданд. Машқҳои амалӣ интиқоли захмиёнро аз майдони минаҳо дар бар гирифтанд. Интизор аст, ки иштирокчиён дониши андӯхтаро ба ҳамкасбон дар муассисаҳои дахлдори худ интиқол диҳанд.
“Такмили ихтисоси афсарони миллӣ ва идомаи талошҳо барои доир намудани омӯзиши тиббие, ки дар сатҳи минтақавӣ эътироф гардидааст, хело муҳим буда, ҳамчун платформаи устувор барои мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи маҳви хатарҳои тарканда хидмат мекунад,” гуфт Теа Ҷалиашвили, муовини Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. Вай инчунин ба маблағгузорони лоиҳа - Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида - барои дастгирии саховатмандона дар татбиқи ин лоиҳа ва инчунин Ҳукумати Олмон барои саҳми молиявии онҳо арзи сипос намуд.
Генерал-майор Сайёрабек Бачабекзода, сардори Раёсати қушунҳои муҳандисии Вазорати мудофиаи Ҷумхурии Тоҷикистон гуфт, ки бо дастгирии САҲА Вазорати мудофиа аз соли 2014 инҷониб курсҳои омӯзиширо барои мутахассисони безарарсозии муҳимоти тарканда дар Тоҷикистонро идома медиҳад. Ӯ афзуд, ки аз соли 2017 инҷониб, се курси расонидани ёрии аввалияи тиббӣ барои 47 мутахассиси соҳаи тиб гузаронида шуданд. “Баргузор намудани чунин курсҳо малакаҳои хуби назариявӣ ва амалиро дар расонидани ёрии аввалия ва эвакуатсияи захмиён ташаккул медиҳад ва бо ин васила ҳаёти одамонро наҷот медиҳад”, - хулоса кард Бачабекзода.