САҲА омӯзиши сарҳадбонони Тоҷикистонро дар ноҳияи Турсунзода ҷиҳати таҳкими иқтидори амалиёти саҳроии онҳо ба итмом расонд
8-уми апрел, дар ноҳияи Турсунзода курси чорҳафтаинаи омӯзишӣ оид ба таҳкими иқтидори амалиёти саҳроиӣ ба итмом расид. Курс аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ташкил карда шуд.
Дар ин курс 25 афсари сарҳадбонӣ, ки дар марз бо Узбекистон хидмат мекунанд, ширкат варзиданд. Мақсади курси омӯзишӣ сайқал додани малакаҳои иштирокдорон оиди хондани харитаҳои ҳарбӣ ва топографӣ, расонидани ёрии аввалия дар ҳолатҳои бардоштани ҷароҳатҳои ҷангӣ, посбонии тактикӣ, радио алоқа, қоидаҳои сарҳадии миллӣ, огоҳии гендерӣ, арзёбии хатарҳо, навиштани маълумотномаҳои посбонӣ ва усулҳои зинда мондан дар шароити тобистон ва зимистон мебошад. Кӯҳнавардӣ ва амалиёт дар мавзеъи кӯҳӣ низ ба курс дохил карда шуданд. Маводҳои таълимии (модулҳои) посбонии тактикӣ дарсҳоро оид ба қонунгузории миллӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон дар робита бо ҳуқуқ ва муносибат бо боздоштшудагон ва гурезагон низ дар бар гирифт.
Полковник Шералӣ Назиров, фармондеҳи Отряди сарҳадии ноҳияи Турсунзода гуфт, ки шарикии САҲА, Иттиҳоди Аврупо ва Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳифзи марзҳои давлатии Тоҷикистон натиҷаҳои мусбат ба бор меорад. Вай афзуд, ки курси таҳкими иқтидори амалиёти саҳроӣ ба такмили ихтисоси афсарони сарҳадӣ мусоидат хоҳад кард.
Ин курси омӯзишӣ як қисми лоиҳае мебошад, ки Воситаи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мекунад. Ҳадафи лоиҳа тақвияти иқтидори Хадамоти сарҳадбонии Тоҷикистон ва Афғонистон дар мубориза бо амалҳои ғайриқонунӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад. Ҳадафи лоиҳа инчунин тақвияти иқтидори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҷиҳати вокуниш ба офатҳои табиӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад.