Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси сеюми омӯзишии аз ҷониби ИА маблағгузоришударо оид ба таҳкими иқтидори амалиёти саҳроии наҷотдиҳандагони тоҷик ба итмом мерасонад
12 марти соли 2021, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси чорҳафтаинаи омӯзиширо оид ба таҳкими иқтидори амалиёти саҳроии намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании (Кумитаи) Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба итмом расонд.
Курс ба баланд бардоштани малака ва зарфияти наҷотбахшон бо истифода аз машқҳои амалӣ дар ҳолатҳои гуногун равона карда шудааст, ки амалҳои онҳоро ҳангоми амалиётҳои мураккаби наҷотдиҳӣ дар шароити душвори саҳроӣ дар саросари Тоҷикистон такмил медиҳад. Дар ҷараёни давраи омӯзишӣ, як гурӯҳи дигари иборат аз 18 нафар наҷотбахшони Хатлон (илова бар 64 наҷотбахши қаблан омӯзонидашуда) малакаҳои худро дар хониши харитаҳои ҳарбӣ/топографӣ ва роҳёбӣ дар мавзеъ, пайгирӣ ва убури дарё, инчунин дар гузаронидани амалиётҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшӣ, амалиёт дар минтақаҳои кӯҳӣ ва обӣ, дар нақлиёт ва иморатҳои фурӯрафта, ҳангоми сел, тармафароӣ ва садамаҳои нақлиётӣ такмил доданд. Иштирокчиён инчунин дар бораи ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқи инсон ва гендерӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти наҷотбахшӣ шинос шуданд.
Машғулиятҳоро намояндагони Кумита ва САҲА баргузор карданд.
Генерал-лейтенант Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон гуфт, ки ин аввалин семинарест, ки барои гурӯҳи наҷотдиҳии сатҳи вилоятӣ баргузор мешавад, ки дар натиҷа шумораи умумии семинарҳои аз ҷониби САҲА барои гурӯҳи наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ доирнамуда ба панҷ мерасад. «Мо ин фаъолияти омӯзиширо хеле қадр мекунем, зеро он қаблан дар сатҳи вилоят баргузор нашуда буд. Ҳадаф як аст - наҷот додани ҷони одамоне, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд. Ман ба САҲА, ИА, Дафтари марказӣ ва Раёсати вилоятии Кумита барои ташкили чунин семинар барои такмил додани маҳорату малакаҳои наҷотбахшон изҳори миннатдорӣ мекунам. Мо аз он қаноатмандем, ки ба баргузории ин курсҳои омӯзишӣ як мутахассиси маҳаллӣ бо дониши офатҳои табиӣ, ки дар минтақа ба амал меоянд, ҷалб карда шуд”.
Наимҷон Ҳоҷиматов, фармондеҳи Гурӯҳи махсуси зудамали наҷотдиҳандаи Кумита дар шаҳри Бохтар гуфт: «Дар тӯли чор ҳафтаи омӯзишӣ мо дониши ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахшии худро ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам амалӣ такмил додем. Дар оянда, мо нақша дорем, ки дар корҳои наҷотдиҳии ҳаррӯзаи худ технологияҳои нав ва рақамиро истифода барем. Усулҳои нави корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар ҳолатҳои гуногун ва малакаҳои амалии ёрии аввалия барои наҷот додани қурбониёни офатҳои табиӣ татбиқ карда мешаванд”.
“Барои намояндагони Кумита се давраи иборат аз панҷ курси таълимӣ оид ба таҳкими иқтидори амалии саҳроӣ, ёрии аввалияи пешрафта ва амалиёт дар шароити фасли зимистон гузаронида шуд. То ҳол, курсҳои мазкурро даҳ омӯзгормард ва як омӯзгорзани маҳаллӣ гузаронданд. Ғайр аз он, 82 нафар иштирокчиёни тренинг, аз ҷумла 11 нафар занон аз ин курсҳо баҳра бурданд», - гуфт Валериу Кивер, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. «Бо дархости Кумита наҷотдиҳандагони вилоятӣ низ ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда шуданд. Ҳамкории наздик ва устувори Кумита ва Дафтар ба мо имкон медиҳад, ки курсҳои омӯзиширо ба таври дуруст гузаронем ва ба натиҷаҳои чашмдошт ноил шавем. Бидуни саҳми назарраси молиявии Иттиҳоди Аврупо ба натиҷаҳои курси омӯзишӣ ва тамоми лоиҳа ноил шудан ғайриимкон буд».
Петра Гашпарова, муовини роҳбари Намояндагии ИА дар Тоҷикистон гуфт: “Боиси хушнудист, ки барномаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузоришаванда оид ба “Босуботгардонии минтақаи марзи ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон” ба рушди малакаю зарфият оид ба мудофиаи гражданӣ ва идоракунии ҳолатҳои фавқулодда мусоидат мекунад. Ҳамоҳангсозии муассир ва амалиётҳои касбии наҷотдиҳӣ ё идоракунии ҳолати фавқулодда на танҳо ба наҷоти одамон кумак мекунанд, балки ба амнияти минтақаҳои наздисарҳадӣ ба таври назаррас мусоидат мекунанд”.