САҲА баҳси мизи мудавварро оид ба татбиқи Стратегияи ислоҳоти маҳбасҳои Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 дастгирӣ мекунад
4 марти соли 2021 дар Душанбе мизи мудаввар оид ба муҳокима ва ҳамоҳангсозии фаъолияти марбути татбиқи самарабахши Стратегияи миллии ислоҳоти маҳбасҳо барои солҳои 2020-2030 баргузор гардид.
Иттиҳоди Аврупо дар якҷоягӣ бо созмони “Ислоҳоти байналмилалии маҳбасҳо” чорабиниро ташкил кард, ки ҳадафи он муҳокимаи самтҳои асосии ҳамкорӣ дар татбиқи Стратегияи миллии ислоҳоти маҳбасҳо ва таҳияи тавсияҳои мушаххас оид ба татбиқи самарабахши Стратегия ва Нақшаи амал аст. Стратегия бо дастгирии Дафтари барномаҳо дар соли 2016 таҳия ва аз ҷониби Ҳукумат 25 июни соли 2020 тасдиқ шудааст. Иштирокчиён кори маҳбасҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пандемияи COVID-19 ва нақшаҳои минбаъдаи рушди хадамоти тиббиро дар доираи чорчӯбаи стратегияи ислоҳоти маҳбасҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар чорабинӣ ҳудуди 47 коршинос, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мансабдорони давлатӣ, ВАО ва созмонҳои байналмилалӣ, ки тақрибан нисфи онҳо занон буданд, ширкат варзиданд.
Роберт Ҳойер, мудири Департаменти андозагирии инсонии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе гуфт: “Чорабинии имрӯза платформаи муколама, мубодилаи иттилоот ва маълумоти таҷдидшуда дар бораи стратегияи нави миллии ислоҳоти маҳбасҳо ва талошҳои гуногуни амалисозиии онро, ки аллакай идома доранд, аз ҷумла офиятбахшӣ ва шомилгардонии ҷинояткорони калонсол ва ноболиғ, ҳукми алтернативӣ ва шартӣ фароҳам овард. Мо умедворем, ки ҳамкориҳо дар самти пешбурди ислоҳоти маҳбасҳо дар асоси эҳтироми ҳуқуқи башар идома меёбанд”.
Ильхом Махмудзода, Муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: “Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои расонидани кӯмак дар таҳия ва амалисозии Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 арзи миннатдорӣ баён мекунад ва умедвори ҳамкориҳои созандаи минбаъда аст.
“Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин омода аст, ки дастгирии пурраи сиёсӣ ва молиявии худро барои татбиқи ислоҳоти маҳбасҳо дар Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳи хоса ба ҷанбаҳои ҳуқуқи инсон таъмин кунад”, гуфт Нилс Ҷенсонс, мушовири сиёсӣ-атташе аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.
Иштирокчиён масъалаҳои марбут ба барномаи офиятбахшии маҳбусон; методология ва меъёрҳои таснифи маҳбусон ва воситаи арзёбии хавф; ҳукми алтернативӣ ва шартӣ; ва мусоидат ба усули эҳтироми ҳуқуқи инсонро дар ислоҳоти маҳбасҳо муҳокима карданд.