САҲА курси дуввуми омӯзиширо барои таҳкими иқтидори наҷотбахшии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон оғоз мекунад
26 октябри соли 2020 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе даври дуюми Курси амалиёти устувори саҳроӣ барои намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистонро оғоз намуд. Курси чорҳафтаина ба баланд бардоштани малака ва зарфияти наҷотбахшон барои расонидани кӯмак ба омодасозии онҳо ба гузаронидани амалиёти мураккаби наҷотбахшӣ дар шароити душвори саҳроӣ дар саросари кишвар равона шудааст.
Дар давоми давраи омӯзиш, гурӯҳи дигари иборат аз 18 наҷотбахш (илова бар 20 наҷотбахши қаблан мавриди омӯзиш қарор гирифта) малакаҳои худро дар хондани харита ва муайян кардани маҳал, кӯҳнавардии ибтидоӣ, роҳёбӣ ва амалиётҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ такмил медиҳанд. Илова бар гузаронидани як қатор машқҳои амалии саҳроӣ, курс инчунин ба иштирокчиён дониши ҷанбаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ва гендерии гузаронидани амалиёти наҷотдиҳиро сайқал медиҳад.
Курсҳои омӯзишӣ бахше аз кӯшиши калонтари Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои дастгирии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳои марбут ба офатҳои табиӣ мебошанд.
Ҳамин тариқ, лоиҳаи 18-моҳаи “Таҳкими суботи минтақаи марзи ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда ва аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА амалӣ карда мешавад, як силсила курсҳои омӯзишии барои 150 нафар мансабдорони Кумита мутобиқшударо ба нақша гирифтааст.
Лоиҳа инчунин ба Кумита дар шакли таҷҳизоти наҷотдиҳӣ барои дастаҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии фаврӣ кумаки моддӣ мерасонад ва инчунин ба Кумита дар корҳои сохтмонӣ дар маркази таълимии Қаратоғ кӯмак мекунад.
Усули дуҷонибаи лоиҳа, ки ҳам курсҳои махсуси омӯзишӣ ва ҳам дастгирии моддиро дар бар мегирад, ба таҳкими иқтидори дарозмуддати касбии наҷотдиҳандагони Кумита кӯмак мекунад.