САҲА таҳияи Нақшаи татбиқи Стратегияи ислоҳоти маҳбасҳои Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2030 дастгирӣ мекунад
Ҷаласаи шашрӯзаи гурӯҳи корӣ барои баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои асосии таҳияи Нақшаи татбиқи Стратегияи ислоҳоти маҳбасҳои Тоҷикистон, ки бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА омода гардида буд, дар яке аз истироҳатгоҳҳои Варзоб санаи 16 август ба анҷом расид.
Ҷаласаи мазкур аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия бо дастгирии САҲА ва созмони Ислоҳоти байналмилалӣ баргузор гардида, 19 нафар аъзои гурӯҳи кориро ҷамъ овард.
Иштирокчиён масъалаҳои мухталифи марбут ба назорат ва идораи маҳбусони ифротгарои хушунатомезро баррасӣ карданд. Онҳо дар бораи роҳҳои пешгирии ифротгароии хушунатомез ва тундрав дар байни маҳбусон дар маҳбасхонаҳо, коҳиш додани шумораи маҳбусон, инкишофи ҷазои алтернативӣ ва муассисаҳои ислоҳотиро (пробатсия) барои маҳбусон мулоқот карданд. Иштирокчиён инчунин ба таҳким бахшидани чораҳои амният ва бехатарӣ дар маҳбасхонаҳо ва таҳияи барномаи мукаммали офиятбахшии маҳбусон таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе татбиқи Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии муносибат бо маҳбусонро (“Қоидаҳои Нелсон Мандела”) бо риояи пурраи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи башар пешбарӣ мекунад.
“Дар маркази таваҷҷӯҳи мо инчунин озодии ҳаракат, озодии баён ва дахолатнопазирӣ, баробарии гендерӣ ва принсипи истифода набурдани табъиз қарор доранд” гуфт Роберт Ҳойер, сардори Раёсати чанакҳои инсонии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе.
Рустам Бобоализода, муовини аввали сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия гуфт: “Ин стратегияи ислоҳот, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон қабул шудааст, хеле муҳим аст ва ба татбиқи он таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад. Мо ба ҳамкорони худ, аз ҷумла Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, барои дастгирии ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба таҳияи нақшаи амал арзи сипос ва миннатдорӣ баён менамоем”.
Дар соли 2016, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба гурӯҳи коршиносон оид ба таҳияи Стратегияи ислоҳоти маҳбасҳо кӯмак кард ва як қатор мубоҳисаҳои ҷамъиятӣ ташкил кард. Соли 2020, Ҳукумат Стратегияи ислоҳоти ҷиноиро тасдиқ кард ва тавсияҳои аз ҷониби гурӯҳи кории коршиносон додашударо ба назар гирифт.
Коршиносони байналмилалӣ ва миллӣ, мақомоти давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дастгирии САҲА минбаъд низ таҳияи нақшаи амалро идома медиҳанд.