САҲА таҷҳизоти тиббӣ ва лавозимоти безараргардониро ба Ҳукумати Тоҷикистон тақдим мекунад
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои пешгирии паҳншавии эҳтимолии COVID-19 ба ҳамкорони худ дар Ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе таҷҳизоти тиббӣ ва лавозимоти безараргардониро дастрас намуд. Кӯмак ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон санаҳои 21 ва 24 апрели соли 2020 дастрас карда шуд.
Таҷҳизоти супоридашуда дастгоҳҳои нафаскашии сунъӣ (механикӣ), автоклавҳои буғӣ, термостатҳои лабораторӣ (озмоишӣ) ва як қатор воситаҳои муҳофизатиро дарбар гирифтанд. Кӯмаки пешниҳодшуда барои таҳкими чораҳои пешгирикунанда бар зидди COVID-19 дар кишвар мебошад. Ашёҳо барои кормандони пешсафи тиббӣ, гурӯҳҳои наҷотдиҳандагон ва ихтиёриён пешбинӣ шудаанд, ки ба онҳо имконияти бехатар иҷро намудани вазифаҳои рӯзмарраи худро фароҳам меоранд.
«Тақдими мазкур саҳми Дафтар барои дастгирӣ намудани фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофои граждании Тоҷикистон дар давраи бӯҳрони COVID-19 мебошад. Ин кӯмаки башардӯстона яке аз қисми кӯмаки фарогире мебошад, ки мо ба ҳамкорон пешкаш мекунем», - гуфт Валериу Кивер, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе. «Онҳо ба Ҳукумат имкон медиҳанд, ки иқтидори худро барои пешгирии паҳншавии COVID-19 баланд бардошта, барои ҳалли мушкилоти марбута тамоми тадбирҳоро андешанд. Онҳо барои идома додани фаъолияти муштарак имконият фароҳам меоранд».